Нишасти дафотири миллии Интерполи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Нишасти руасои дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Ахбори минтақа

Нишасти руасои дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ дар таърихи 29 то 30 март дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши “Ховар” ин нишаст ба раёсати Абдулазизи Убайдуллоҳ – мудири ҳамкориҳои ҷаҳонии дабирхонаи Интерпол бо ҳузури раҳбарони вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон беш аз 16 кишвар баргузор мешавад.

Дар ин нишаст мавзуоти тавсеа ва густариши ҳамкориҳои мутақобили судманд дар чорчӯби созмони байналмилалии “Интерпол ”, амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ, густариши бештари равобит дар заминаи мубориза бо тероризм, таҳдидоту хатароти муосир ва соири ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намояндагии донишгоҳи Форобии Қазоқистон дар Русия ифтитоҳ мешавад
Тағйири номи забони молдовӣ ба руминӣ дар кишвари Молдова

Матолиби пурбоздид