Ниёзҳои табиии кӯдак

Адаб

 

Ниёзҳои табиии кӯдак

Сабки зиндагӣ

Хостаҳо ва ниёзҳои кўдак дар айни ҳол, ки бисёр маҳдуд ва маъдуд аст, то ҳадди зиёде низ табииӣ ва фитрӣ аст.

Ниёзи кўдак ба доштани васоиле барои бозӣ ва саргармӣ ё дидани ҳайвоноте аз қабили шапарак , гурба ва ғайра ниёзҳои табиии ўро ташкил медиҳад ва бетардид бояд мавриди таваҷҷўҳи бузургтарҳо қарор гирад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ин навъ тамоюлотро, ки бархоста аз фитрати поку кўдаконаи онҳост, нодида гирифт ва бо беэътиноӣ ба ин масъалаҳо онҳоро ба масоиле, ки дур аз табиати кўдак аст, даъват кард.

Ҷараёни зер таъйидкунандаи аҳамият ва таваҷҷўҳест, ки авлиёи бузурги дин ба ин гуна корҳо доштанд, дар ҳоле ки ин гуна корҳо дар зоҳир беаҳамият менамояд.

Рўзе араби биёбонгарде бачаи оҳуеро шикор кард ва онро ба унвони ҳадя ба пеши Паёмбар овард, то ба бачаҳои Фотима бидиҳад. Имом Ҳасан дар он ҷо буд. Паёмбари Акрам онро ба вай дод. Имом Ҳасан машғули бозӣ бо бачаи оҳу шуд. Дар ин вақт Имом Ҳусейн ворид шуд, вақте ки дид бародари калониаш бо оҳубачаи зебое бозӣ мекунад, аз ў пурсид ин оҳуро аз куҷо овардӣ?

Имом Ҳасан низ барои бародараш нақл кард, ки онро аз куҷо гирифтааст. Имом Ҳусейн худро бо суръат ба назди Расулуллоҳ расонд ва ба ў эътироз кард, ки оҳубачаро ба бародарам додӣ ва барои ман чизе надодӣ. Чанд маротиба ин гуна эътироз кард ва онгоҳ сокит шуд. Қалбаш озурда буд.

Нақл шудааст, ки дар ин ҳол, оҳуе ба ҳамроҳи бачааш, худро ба назди Паёмбар (с) расонд то Имом Ҳусейн низ каме бо он оҳубача бозӣ кунад. Паёмбар он оҳумодарро дуо кард.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳодисаи Карбало (5) 
Тавозӯъ ва фурӯтанӣ

Матолиби пурбоздид