Ниёиш
Худоё! Раҳмате кун,
то имон нону ном бароям наёварад,
қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам,
то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд,
на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд!
* * *
Худоё! Ҳамвора туро сипос мегузорам, ки ҳар чи дар роҳи ту ва дар роҳи паёми ту бештар меравам ва бештар ранҷ мебарам, онҳое, ки маро бинавозанд, мезананд,
онҳое, ки бояд ҳақшиносӣ кунанд, ҳақкушӣ мекунанд,
онҳое, ки бояд дастамро бифишоранд, силӣ мезананд,
онҳое, ки бояд дар баробари душман ҳамла кунанд, пеш аз душман ҳамла мекунанд
ва онҳое, ки бояд дар баробари сампошиҳои бегона ситойишам кунанд, тақвиятам кунанд, умедворам кунанд ва табриъаам кунанд..,
сарзанишам мекунанд,
тазъифам мекунанд,
навмедам мекунанд,
муттаҳамам мекунанд,
то дар роҳи ту аз танҳо пойгоҳе, ки чашми ёрӣ дорам ва подоше,
навмед шавам,
чашм бибандам,
ронда шавам…
* * *
Худоё! Ба ман таҳаммули ақидаи мухолиф арзонӣ кун!
Худоё! Рушди ақлӣ ва илмӣ, маро аз фазилати “эҳсос” ва “ишроқ” маҳрум насозад!
Худоё! Маро ҳамвора огоҳ ва ҳушёр дор, то пеш аз шинохтани дуруст ва комили касе ё фикре – мусбат ё манфӣ – қазоват накунам!
Худоё! Маро ба ибтизоли оромиш ва хушбахтӣ макашон, изтиробҳои бузург, ғамҳои арҷманд ва ҳайратҳои азимро ба руҳам ато кун, лаззатҳоро ба бандагони ҳақират бахш ва дардҳои азиз бар ҷонам рез!
Аз ниёишҳои Алии Шариатӣ
Манбаъ: сойти дуктур Алӣ Шаритӣ
Қаламонлайн