Номаи Гутерриш ба Шӯрои Амният дар бораи Ғазза

Номаи Гутерриш ба Шӯрои Амният дар бораи Ғазза
Номаи бесобиқаи Гутерриш ба Шӯрои Амният дар бораи Ғазза
Ахбори байналмилал
Дабири кулли Созмони Милал, бо таваҷҷӯҳ ба густурдагии талафоти инсонӣ дар Ғазза, номаеро бо истинод ба моддаи 99-и Маншури Созмони Милал, ба раиси Шӯрои амният ирсол кардааст.
Ба гузориши Алҷазира, Антониу Гутерриш, дабири кулли Cозмони Милали Муттаҳид, дар иқдоме, ки бисёр ба нудрат анҷом шуда, бо истифода аз ихтиёроти қонунии худ, моддаи 99-и Маншури ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳидро фаъол кард, то Шӯрои амнияти ин ниҳодро барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза таҳти фишор қарор диҳад.
Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, рӯзи чаҳоршанбе (6 декабр) нисбат ба “фурӯпошии комил ва қарибулвуқӯъи назми умумӣ” дар навори Ғазза ҳушдор дод.
Дабири кулли Созмони Милал дар номаи бесобиқаи худ ба Шӯрои амният, бори дигар бар лузуми барқарории “оташбаси башардӯстона” дар борикаи Ғазза таъкид кардааст. Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, “фурӯпошии комили назми умумӣ” дар навори Ғазза, ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ҳатто ба сурати маҳдудро “ғайримумкин” хоҳад кард.
Дабири кулли СММ дар номаи худ, барои аввалин бор аз оғози фаъолияташ дар ин симат, ба моддаи 99-и Маншури СММ истинод кардааст.
Ин модда ба дабири кулли СММ имкон медиҳад, таваҷҷӯҳи аъзои Шӯрои амниятро ба мавзӯъе, ки мумкин аст “ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалиро ба хатар биандозад” ҷалб кунад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон
Дархости Арабистон аз Омрико: “Дар баробари Ҳусиҳои Яман хештандор бошед!”

Матолиби пурбоздид