Номаи Садриддин Айнӣ ба Камол Айнӣ
Нуричашмӣ, Камол!
Мактуби 12-уми март навиштаат расид, баробари ин мактуб бандерол ҳам расид, ки «ал-Мӯъҷам…», девони Носири Хусрав бо «Сафарнома» ва асари устод Бертелс буд.
Эҳтимол ту таърихи термини «форс-тоҷик» ва «тоҷик-форс»-ро надонӣ: Вақте ки ман «Намунаи адабиёт» (дар алифбои араб, чопи Маскав, соли 1926)-ро навишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо «забони адабӣ доштани халқи тоҷик»-ро инкор карданд ва ҳамаи гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд ҳам, ба монополияи Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат… мухолиф буд. Чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди миллатҳои Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «тоҷикон» ӯзбеконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» гуфтанд (Ман ба ин маънӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёт»-и худ ишора кардаам).
Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1928 дар Тошканд, вақте ки конфуронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегуфтанд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад…»
Дар он бисёр шӯрида мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд.
Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд конфуронсия шуд, мо дар пешгоҳи золи маҷпис бо хатти ҷаллии настаълиқ «тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд ва то имрӯз давом намуда омад, баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии советии тоҷик давом хоҳад кард» навишта мондем.
Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне, мухолифон даъвои моро қабул накарданд. Баъд аз он дар ҳамон сол дар Исталинобод конфуронсия барпо шуд. Дар он ҷо ман бо профессур Андреев даст ба гиребон шуда ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо «лидер» танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд).
Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Болдируф розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 16-17 ин ҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хостанд.
Мо ба ин суханҳои бемантиқ гӯш надода кори худро давом додем: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бӯалӣ Сино, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигаронро аз они худ гуфта навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ исбот кардам, ки «Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст», аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоироне, ки дар Эрон ва Хуросон рӯидаанд, «шоири форс-тоҷик» гуфта унвон додам. Кам-кам масъала дар дасти тадқиқотчиёни «неформални» афтод ва, аз он ҷумла, РАФИҚ БРОГИНСКИЙ УНВОНИ «ТОҶИК-ФОРС»-РО ТАКЛИФ КАРД. ЗЕРО МАН ИСБОТ КАРДА БУДАМ, КИ ЗАБОНИ АДАБИИ ФОРСИИ ҶАДИД ДАР ОСИЁИ МИЁНА ТАШАККУЛ ЁФТА ВА БА ВОЯ РАСИДА, БАЪД АЗ ОН БА ЭРОН ПАҲН ШУДААСТ. Бинобар ин Брогинский гуфт: «Модом ҳақиқати таърихӣ ҳамин аст, мо дар термин калимаи «тоҷикро» дар аввал гузошта, баъд аз он номи «форс»-ро менависем».
Вақте ки дар даҳрӯзаи санъати тоҷик (1941) дар Маскав дар маҷлиси қабул рафиқ Сталин дар сухани худ дар қатори гузаштагони тоҷик Фирдавсиро ном бурд, Бертелс ин воқеаро шунида гуфт: «Хуб, майлаш Фирдавсӣ аз они тоҷикон бошад, аммо Саъдиро ба эрониён бояд дод» (чунон ки дар боло гуфтам, дарҳол ман дар бораи Саъдӣ навишта аз забони худи ӯ тоҷик будани ӯро исбот кардам).
ВАҚТЕ КИ ИМСОЛ МАСЪАЛАИ МЕРОСИ АДАБИИ МИЛЛАТҲО БА МАЙДОН ОМАДА ШАРҚШИНОСОНИ КОНСЕРВОТУР ШАТТА ХӮРДАНД, МАСЪАЛАИ ТЕРМИНРО ДИГАР КАРДАН БА МАЙДОН ОМАД, КИ МАН ДАР ИН КОР ХЕЛЕ ХУРСАНДАМ.
Аз хатти ту маълум мешавад, ки ҳанӯз шарқшиносон бар болои шоирони гузаштаи мо ҷанҷол доранд. Ман дар ин бора фикри худро дар ин мактуб менависам, лозим шавад, ту инро ба шарқшиносон маълум мекунӣ:
Мо дар ин масъала аз ду нуқта назар мекунем: 1 – нуқтаи таърихӣ, 2 – ҳақиқати забонӣ. Таърих, чунон ки ҳеҷ кадом шарқшинос инкор намекунад, ин аст:
Вақте ки арабҳо Эронро истило карданд, ҳамаи осори миллии онҳоро нест намуданд ва, аз ин ҷумла, забони онҳоро, ки забони паҳлавӣ буд, аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум намуда, ҳамаи асарҳои дар он забон навишта шударо сӯзонданд ва мактабҳоро ба забони арабӣ гардонданд ва онҳое, ки дини исломро қабул намуда буданд, кам-кам дар хонаашон ҳам ба забони арабӣ гап мезадагӣ шуданд ва забони паҳлавӣ дар миёни он касоне монд, ки дини исломро қабул накарда буданд ва то имрӯз худи эрониён ҳам онҳоро «габр» меноманд ва то ҳол онҳо забони паҳлавиро медонанд…
Аммо мовароуннаҳриҳо дар масъалаи забон сахт истоданд, бухороиҳо баъд аз қабул кардани ислом ҳам ҳатто дар намоз бо забони арабӣ Қуръон хонданро қабул накарданд. Бо вуҷуди ба шариат мухолиф будан сардори араб Қутайба ибни Муслим маҷбур шуд, ки сураҳои Қуръонро барои намоз ба маҳаллиҳо ба забони маҳаллӣ тарҷума карда диҳад (Ба Наршахӣ нигоҳ карда шавад).
Аз асрҳои дувуми ҳиҷрӣ сар карда дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар муқобили арабҳо исёнҳо бархест, ки дар он исёнҳо Абӯмуслим, Муқаннаъ, Гурдаки (паҳлавонаки) Гиҷдувонӣ, Рофеъ ибни Лайси Самарқандӣ сардорӣ мекарданд («Исёни Муқаннаъ»-ро хон). Дар миёнаи ин исёнҳо забони адабии тоҷик, ки дар терминҳои илмӣ «форсии ҷадид» меномиданд, дар асоси забони суғдӣ, ки дар Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва кӯҳистони Фалғару Мастчоҳ зинда буд ва луғатҳои Хоразм, ки дар он ҷо забони гуфтугӯ буд ва забони дарӣ, ки дар Хуросони Шарқӣ (марказаш Балх), дар Чағониён (дар Тирмиз ва Ҳисор, дар Хатлон ва дигар кӯҳистони тоҷикнишин) зинда буд, ба вуҷуд омад ва онҳое, ки исломро қабул карда буданд, ин забони навро бо алифбои араб навиштан гирифтанд ва ба воситаи зиёиҳои мусулмоншуда ба ин забон баъзе луғатҳои арабӣ ҳам даромадан гирифт.
Вақте ки дар натиҷаи исёнҳо арабҳо маҷбур шуданд, ки «Мовароуннаҳр, Фарғона ва Хуросонро ба маҳаллиҳо супоранд, дар ин тарафи дарёи Ому Сомониён қувват гирифта, ба осори миллӣ ва, аз ин ҷумла, ба забони миллӣ аҳаммият доданд ва забони «форсии ҷадид», ки шакли умумият гирифта буд, забони расмии ин давлат шуд ва шоирони калон, монанди Рӯдакӣ ва Дақиқӣ аввал дар Мовароуннаҳр расида, ин забонро ба осмон бароварданд, баъд аз он ин забон дар Хуросон кувват гирифта, фирдавсиҳо ба майдон омаданд. Кам-кам ин забон ба ҳама ҷои Эрон паҳн шуда, забони адабӣ ва забони расмӣ шудан гирифт, ки дар Эрони марказӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ҳам шоирон расидан гирифтанд. Ин аст таърих.
Забони тоҷикон будани забони форсии ҷадидро ин ҳам исбот мекунад, ки шоирони Эрон ва Озарбойҷон баъзе луғатҳои забони адабиро аз тоҷикон пурсида меомӯхтанд. Чунон ки Носири Хусрав дар «Сафарнома»-и худ нақл мекунад, вақте ки ӯ дар Озарбойҷон ворид шуд, бо шоири машҳури он ҷо Қатрон, ки муқаллиди Рӯдакӣ аст, ҳамсуҳбат гардид. Дар он мусоҳаба Қатрон бисёр луғатҳои забони адабиро аз Носири Хусрав пурсида навишта гирифт. Чунин луғатҳои забони «форсии ҷадид» он вақтҳо ҳанӯз дар забони зинда дар забони оммаи Эрон ҷойгир нашуда буд.
Соҳиби забони адабии «форсии ҷадид» будани тоҷиконро олими шарқшиноси имрӯзаи Эрон Саид Нафисӣ ҳам иқрор кардааст. Саид Нафисӣ дар бораи Рӯдакӣ ду ҷилд китоб навиштааст ва дар як ҷои он китоби худ мазмунан ин тавр мегӯяд: «Мо – эрониён дар сояи исёни Абӯмуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони он замонии Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда, дар рӯйи дунё зинда мондем. Агар он исёнҳо ва он ташаббуси мовароуннаҳриҳо намебуд, имрӯз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо эрониён ҳам монанди мисриён араб мегардидем» (мазмун нақл шуд).
Дар вақти истилои арабҳо мисриён қибтӣ буданд, ки маданияти чандинҳазорсола доштанд, аммо арабҳо ҳамаи китобҳо ва осори миллии онҳоро нест карда, забон ва маданияти худро ҷорӣ карданд, ки қибтиён беному нишон шуда рафта авлоди онҳо араб гардида монданд. Имрӯз аз осори қибтиён танҳо аҳромҳо мондаанд, ки аз ҷиҳати мустаҳкамиашон арабҳо онҳоро вайрон карда натавониста буданд.
Акнун аз нуқтаи назари забон нигоҳ кунем: ҳамаи асарҳои Ҳофиз ва Саъдиро ҳамаи тоҷикон мефаҳманд (бесаводҳо ҳам) ва луғатҳое, ки онҳо кор фармудаанд, дар забони зиндаи тоҷик ҳанӯз дар гуфтугӯ мебошанд (баъзе луғатҳо ва шеърҳои арабии «Гулистон»-и Саъдӣ аз ин мустасно аст. Шарқшиноси венгерӣ Герман Вамбери дар китоби худ «Таърихи Бухоро ва Мовароуннаҳр» мегӯяд, ки сарфу наҳви забони Фирдавсӣ то имрӯз дар байни тоҷикон зинда аст. Бо вуҷуди ин ки тоҷикон чандин аср боз бо қавми туркҳо махлут шуда омадаанд, забони Фирдавсиро нигоҳ доштаанд (чунки забони Фирдавсӣ асосан забони тоҷикон аст – искубка аз ман. Айнӣ). Аммо, эрониён забони Фирдавсиро вайрон кардаанд (мақсади Герман Вамбери оммаи эрониён аст, на зиёиён). Ана мо ҳамин ду асосро ба назар гирифта, мероси адабии худро муайян мекунем: шоирони гузаштаи Осиёи Миёна ва Хуросон бе шакку шубҳа аз они моанд – Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедил барин касонро низ мо аз они худ мешуморем, чунки забони онҳоро (Саъдиву Ҳофизро) оммаи тоҷикон мефаҳманд. Услуби Бедил ҳарчанд душвор аст, аммо лугатҳое, ки ӯ кор фармудааст, ҳамагӣ имрӯз дар байни тоҷикон зиндааст. Бинобар ин Бедил ҳам аз они мо аст.
Масъалаи Низомии Ганҷавӣ тамоман дигар аст. Модом ки ба ӯ унвони “шоири Озарбойҷон” расман дода шудааст, мо ҳам ӯро шоири Озарбойҷон мегӯем. Аммо мо фахр мекунем: тоҷикон асарҳои Низомиро бе тарҷума мефаҳманд.
Аммо масъалаи Камоли Хуҷандӣ ва Лоҳутӣ хандаовар аст. Як вақт рафиқ Болдируф Камоли Хуҷандиро «шоири Олтин Ӯрда» гуфта навишта баромада буд. Таклифи ҳозирааш ҳам аз ҳамон таклиф кам фарқ мекунад. Дар ҷавонӣ аз Мовароуннаҳр рафтани Камоли Хуҷандӣ хатост. Ман ин маъниро ба рафиқ Ғафуров ҳам навишта будам. Камол таҳсили аввалии худро дар Хуҷанд, баъд аз он таҳсили олии худро дар Самарқанд гирифта ва як қисми осори адабии худро дар ҳамин ду шаҳр эҷод кардааст. Масалан, дар охири як ғазали худ мегӯяд:
Гӯиям ҳар дам, ки берун шав зи шаҳри мо, Камол,
Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?
Дар Хуҷанд гузаре буд, ки вайро «Гузари Шайх Камол» меномиданд (ҳоло ҷойи он гузар гостиниса шудааст).
Камоли Хуҷандӣ дар калонсолиаш баъд аз такмили дарс ва шоири комил шудани худ ба нияти сафари ҳаҷ аз ин ҷо ҳиҷрат кардааст (албатта, як ҷавони хурдсол ба сари худ ба ҳаҷ намерафт) ва дар бозгашти сафари ҳаҷ обу ҳавои Табрезро писандида, дар он ҷо мондааст ва як бор Тӯхтамишхон ӯро асир карда, ба Олтин Ӯрда – Сарой бурдааст. Ва баъд аз чанд сол дар он ҷо мондан Камол аз асирӣ халос шуда ба Табрез баргаштааст. Акнун куҷои ин одамро ба Озарбойҷон ё Эрон ва ё ин ки ба Олтин Ӯрда мебандем?
Лоҳутӣ чунон ки ту гуфтаӣ, зиндаанд ва аз худи эшон пурсидан даркор аст. Охир на Камол ва на Лоҳутӣ асир ва ғуломи ҳеҷ кас нестанд, ки мо инҳоро бо якдигарашон мубодала кунем. Ман ҳайрон ҳастам, ки аз забони олимони калон чӣ гуна ин тавр суханони бемантиқи хандаовар мебарояд.
Ҳоло ҳамин қадар бас аст. Ба ҳама салом расон. Имзо (С. Айнӣ)
Ман аз китоби Брогинский якеро ба номи ту ва дигареро ба номи Холида навишта будам. Дар бастани бандерол Лутфия саҳв карда чаппа бастааст…
Бо саломи падарона. Имзо (С. Айнӣ) 19.03.49.
ИЛОВА: Дар асоси забони паҳлавӣ пайдо шудани забони форсии ҷадид, чунонки Турсунзода дар мақолаи худ гуфтааст, нодуруст аст. Ҳақиқати таърихӣ он аст, ки ман дар боло навиштам. Бинобар ин дар шеърҳои Рӯдакӣ ва Дақиқӣ калимаҳои паҳлавӣ ҳеҷ нест ё ин ки кам дар кам аст. Азбаски Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро дар асоси афсонаҳои халқ ба вуҷуд овардааст ва як қисми он афсонаҳо дар забони паҳлавӣ буданд, дар «Шоҳнома» луғатҳои паҳлавӣ нисбатан зиёд аст.
ИЛОВАИ ДУВУМ: вақте ки дар аснои навиштани ин мактуб барои ёфтани ғазали дар Самарқанд навиштаи Камол «Девон»-и ӯро варақ мезадам, як ғазалаш ба чашмам вохӯрд, ки бисёр писандидам ва ду байти он ¬ғазалро дар бадеҳа мухаммас кардам, ки ин аст:
Айнӣ:
Дар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст,
Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст.
Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст!
Камол:
Гӯ, халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст,
Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!
Айнӣ:
Эй бод, расон дар қадамаш мултамаси ман,
Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман,
Дар олами имкон ба ҷуз ӯ нест каси ман,
Камол:
Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!
Ман инсоф мекунам ва бояд дигар суханшиносон ҳам иқрор кунанд, (ки) дар ин мухаммас мисраъҳои Камол аз мисраъҳои ман ба забони оммаи халқи тоҷик наздиктар аст, ҳар тоҷик ҳарчанд бесавод бошад ҳам, ин мисраъҳои Камолро бе ҳеҷ фикр мефаҳмад, аммо маҷбур мешавад, ки «олами имкон» ва «мултамас» барин калимаҳои маро аз ягон кас пурсад. Агар Камол бо ин мисраъҳои худ эронӣ ҳам мебуд, мо ӯро аз худ мешумурдем, чӣ ҷойи он ки ӯ Хуҷандӣ бошад. Имзо (С. Айнӣ).
Манбаъ: Айнӣ К. ЯК СИНА СУХАН БАРОИ ГУФТАН ДОРАМ: САҲМИ ТОҶИКОН ДАР АДАБИ ФОРСӢ ВА ИСТИЛОҲИ «ФОРС-ТОҶИК» // Адабиёт ва санъат.–1993.–16-уми сентябр.–С. 4-5; ҳамчунин: Айнӣ К. С. Бист гуфтор аз маънавият: Маҷмӯаи мақолаҳо.–Душанбе: Адиб, 2004. – С. 188-196