Номаи саркушодаи фаъолони сиёсии тоҷик ба СММ

Номаи саркушодаи бархе фаъолони сиёсии тоҷик ба СММ

Номае саркушода ба:

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC)

Созмони Афви байналмилалӣ (Amnesty International)

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC)

Омбудсмени Тоҷикистон, Умед Бобозода

Ба воситаи ин номаи саркушода, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба шумо мерасонад, ки ҳудуди 10 сол (ва дар баъзе ҳолатҳо беш аз 20 сол) аст, ки шумори зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далелҳои фақат сиёсӣ маҳкум ба зиндон ба солҳои тӯлонӣ ва баъзе маҳкум ба ҳабси абад шудаанд. Баъзе аз онҳо солманд мебошанд ва болои 60 то 80 сол син доранд ва бино бар хабарҳои мувассақ, ки дорем, бисёре аз онҳо ба бемориҳои хатарноке мубтало шудаанд, ки ниёз ба дармон доранд.

Мо аз ин пеш, ба ниҳоди шумо ва низ ба ниҳодҳои марбута дар дохили Тоҷикистон, дар бораи вахим будани авзоъи зиндониёни сиёсӣ нома навишта ва тақозо намуда будем, ки барои озодии онҳо ва ҳамчунин барои дармонашон кӯмак кунед ва ба ин ҷиҳат гурӯҳи вежаеро ба зиндонҳои Тоҷикистон эъзом намоед, то аз наздик бо вазъи ҷисмонӣ ва руҳии онҳо ошно шаванд, вале ҳеч гуна вокунише аз сӯйи ниҳоди шумо ва низ соири ниҳодҳои марбута нашуд.

Дирӯз яке аз зиндониёни солманди сиёсӣ, ки аз раҳбарони ҳизби мухолифи ҲНИТ мебошад ва дар барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон нақши басазое дошт, яъне Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, ба сабаби бемории диабет чашм аз дунё пӯшид.

Тибқи ахбори расида аз дохили зиндон, пеш аз вафот поҳои ӯ аз кор монда буданд, вале бо вуҷуди ин, мақомот барои дармони ӯ кӯтоҳӣ намуданд ва аз зиндон озодаш накарданд ва ӯ то охири умр дар зиндон буд.

Инак, чанд мард ва зани солманд ё солхӯрдаи дигаре дар зиндонҳои Тоҷикистон дорем, ки вазъи онҳо дар вахомат камтар аз вазъи марҳум Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад нест. Ҳолати ҷисмонии зиндониён: Зубайдуллои Розиқ, Ҳикматуллои Сайфуллозода, Исломиддини Файзалӣ, Саъдуддини Рустам, Ғаффор Мирзоев, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Раҳматуллои Раҷаб, Муҳаммадшариф Набиев, Абдуқодири Рустам, Қиёмиддини Аваз, Нуриддин Маҳкамов, Абдуқаюм Маҷидов, Амриддин Аловатшоев, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Воҳидхон Қосиддинов, Нурулло Саидов, Муҳаммадсултон Мавлоназаров, Маҳмурод Одинаев, Аҳмадшоҳи Комилзода ва Муҳаммадрӯзи Искандаров ва аз бонувон: Улфатхонум Мамадшоева ва Шоҳида Муҳаммадҷонова вахим гузориш мешавад ва эҳтиёҷ ба дармони фаврӣ доранд.

Лозим ба ёдоварист, наздикон ва бастагони зиндониён ҳатто имкони расондани дору ва ё пул барои харидани доруҳои лозим ба зиндониёнро надоранд. Ва кор ба ҷойе расидааст, ки дар сурати расондани кӯмаки пулии бастагон ба зиндониён, онҳоро дастгир ва ба зиндон меандозанд, чунонки бо Асрор Розиқов, писари Зубайдуллои Розиқ ва чанд нафари дигар ҳамин иттифоқ афтод ва маҳкум ба зиндон шуданд ва ҳаминак дар зиндон қарор доранд.

Пештар, теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ ё ваҳшиёна ба қатл расиданд ва ё дар асари беморӣ фавтиданд аз ҷумла: Абдусаттор Каримов, Қиёмуддини Ғозӣ, Саидмаҳдихон Сатторов маъруф ба “Шайх Темур” ва ҳамроҳонаш, ҳамчунин Абдусаттор Бобоев, Қурбон Маннонов, Раҷабалӣ Одинаев, Ҷалолуддини Маҳмуд ва ғайра ва низ қурбониҳои фавтида дар қатли омми зиндон дар Хуҷанд.

Мо шадидан нигарони ҳоли маризон ва беморони зиндонӣ ҳастем ва аз шумо хоҳиш мекунем ба доди зиндониҳои мо бирасед.

Дигар ба чӣ касе барои ёрӣ нома нависем?

Бо эҳтиром, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

27 июли 2024

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёи тафаккури исломӣ (2)
Киштии коғазӣ

Матолиби пурбоздид