Ноумедӣ – гуноҳи бузург

Таҳлили хабарӣ

Ноумедӣ – гуноҳи бузург

Ёддошти доктор Насибулло Умавров

Набарди нур ва зулмот ва корзори ҳақ ва ботил аз ибтидо то интиҳои ҳаёти дунё буду ҳасту хоҳад буд.

Дар ин набарду корзор бо ҳамаи карру фар, пирӯзӣ ва шикаст, дарду алам ва захму куштану кушта шудан, оқибат ва фарҷом аз они лашкари нур ва сипоҳи ҳақ хоҳад буд. Ин ваъдаи илоҳист дар тамоми китобҳо ва алвоҳи осмонӣ ва ҳар худобоваре бар ин ҳақиқат эътироф ва имон дорад, бахусус мусалмонони боварманд…

То расидан ба он оқибати нек озмоишҳо ва дарду ранҷҳо дар камини ҳар ду тарафи набард аст, аммо танҳо омили истодагӣ ва устуворӣ ва пирӯзии ниҳоӣ ИМОН БА ХУДОВАНД аст:

“СУСТӢ НАКУНЕД ВА НИГАРОН НАБОШЕД, ШУМО БАРТАР ВА ПИРӮЗЕД, АГАР БОВАРМАНД ВА МӮЪМИН БОШЕД” (Оли Имрон, 139).

Ҳоло дар ин масир, дар васати роҳ шахсиятҳои таъсиргузоре кушта шуданд, афроди боимон аз идомаи роҳи набард маъюс ва ноумед намешаванд, балки касоне, ки имони дуруст надоштанд, шояд баргарданд ва худро аз пайвастан ба сафи оқибатбахайрон маҳрум созанд. Ин ноумедӣ ончунон гуноҳи бузург аст, ки ҳатто замони марг ё кушта шудани шахсияти беназири Паёмбари ислом (с) фарди мусалмон ҳақ надорад аз роҳи Худо баргардад ва ба худ ва дигарон ноумедиро тазриқ кунад.

وَما مُحَمَّدٌ إِلّا رَسولٌ قَد خَلَت مِن قَبلِهِ الرُّسُلُ أَفَإِن ماتَ أَو قُتِلَ انقَلَبتُم عَلى أَعقابِكُم وَمَن يَنقَلِب عَلى عَقِبَيهِ فَلَن يَضُرَّ اللَّهَ شَيئًا وَسَيَجزِي اللَّهُ الشّاكِرينَ. (آل عمران، ۱۴۴)

Шубҳае нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар будаанд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба дини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо шукргузоронро подоши нек хоҳад дод. (Оли Имрон, 144)

Албатта вазъи инсонҳо вобаста ба ин ҳам ҳаст, ки оё охурбин ҳастанд ё охирбин, ки ин худ достони ҷолиб ва муфассал аст…

Н.У.

30.09.2024

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳимояти Мадуро аз Лубнон ва Фаластин
Дочь эмира Талибана руководит собственным фондом в Лондоне

Матолиби пурбоздид