Нуздаҳ гуфтор аз Луқмон Бойматов
1 – Роҳи илм аз сиёсат ҷудост. Донише, ки бепоя аст, бар рӯй ниқоби сиёсат мекашад.
2 – Фасод ҷурм аст ва фосид муҷрим. Мардуме, ки аз фасоду фосидон ҳимоят мекунанд, худ шарикони фасод ва ёрони фосидонанд.
3 – Хоки меҳан аз оташи нафси ҳарисон дар амон нест, зеро он хомӯшнопазир аст.
4 – Дуздони бахт, ки сафои дирӯзу имрӯзи Заминро табдил ба ҷафоҳо мекунанд, оё метавонанд, фардои фазои осмонро пок нигаҳ доранд?
5 – “Забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ аз ҳам ҷудоанд!” Ин дид мутлақо аблаҳонаест дар илми забоншиносӣ ва як назари аҳмақонаест дар сиёсат.
6 – Масъулине, ки ба нодонии хеш пай намебаранд, зиндагии мардумро беарзиш ва вуҷудашро хор менамоянд.
7 – Дар сарзамине, ки иззат ва имони мардум ба хоки зиллату хорӣ кашида мешаванд, ситоиш аз Озодии ҷаълӣ зиштарин навъи тамаллуқ аст.
8 – Забон ва хатти форсӣ гарави бақои миллати тоҷиканд, вале роҳе, ки пеш гирифтаем, ба сӯи чоҳи маҳви миллат аст!
9 – Аз ҳақиқат ҳамегуфтанд. Мардум фақат риояти адолат хостанд. Тоифае тавре кор бастанд, ки дуд аз равони миллат бурун омад.
10 – Арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ бояд аз рӯйи фаҳм бошад. Вагарна, ҳам худро масхара кардаем ва ҳам меросро.
11 – Маҳалгароӣ василаи хосси қудратҳои худкома барои пинҳонсозии моҳияти аслии сиёсаташон аст. Он рӯйи дигари қабилагароист.
12 – Таърих гувоҳ аст. Ҳар гоҳ, ки сарвари ношоиставу кӯчаке масъулиятҳои азимеро бар дӯши хеш гирифтааст, миллат ноком шудааст.
13 – Шоире, ки лаъинеро меситояд, шабеҳи ҷуғдест, ки шабонгаҳ месарояд. Ӯро на метавон пеш кард, на метавон садояшро баст.
14 – Ҳирс қудрати ҳарис аст, ки ӯро ҳоким намуда ва нодониаш аст, ки ӯро бандаи молу дунё кардааст.
15 – Сиёсатмадоре, ки ба миллати худ пайваста дурӯғ мегӯяд, додаш пеши мардум зишт ва ёдаш дар хотираи таърих мӯҳтарам нахоҳад монд.
16 – Пеш донишмандон таърихро барои тарбияти ҳокимон менавиштанд. Акнун ҳокимон барои тарбияти донишмандон менависанд.
17 – Онон ки шарбати ғурбатро начашидаанд, аз заҳри ранчҳои ғарибон чӣ медонанд?
18 – Аз камоли ҳамоқати миллат ин бас аст, ки бо номи худ иқдом барои нобудии худ менамояд.
19 – Ҳушёр бошем, ки дар таблиғоти боғараз чизҳои бузург — кӯчаку беарзиш ва чизҳои кӯчак – бузургу боарзиш шудаанд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: