Одам бош!…

Одам бош!…

Бахшҳое аз васиятномаи дуктур Алии Шариатӣ

“Дӯст медоштам, ки Эҳсон (писари дуктур Шариатӣ) мутафаккир, маънавӣ, пурэҳсос, мутавозеъ, мағрур ва мустақил бор ояд… Ва хулоса, ман ба ӯ “чӣ шудан”-ро таҳмил намекунам. Ӯ озод аст. Ӯ худ бояд худро интихоб кунад. Ман як экзистенсиалист ҳастам, албатта экзистенсиализми вежаи худам, на такрор ва тақлид ва тарҷума, ки аз ин се “т”-и манфур ҳамеша безорам. Ба ҳамон андоза, ки аз он дутои дигар, Тақизода ва таърих. Аз насиҳат низ ҳам; аз ҳеч кас ҳеч вақт напазируфтаам ва ба ҳеч кас, ҳеч вақт насиҳат накардаам. Ҳар риштаеро бихоҳад, метавонад интихоб кунад, аммо дар интихоби он, арзиши фикрӣ ва маънавӣ бояд милоки интихоб бошад, на бозор доштан ва гарон хариданаш.
Ӯ озод аст, ки ё худро интихоб кунад ва ё мардумро, аммо ҳаргиз на чизи дигареро, ки ҷуз ин ду, ҳеч чиз дар ҷаҳон ба интихоб кардан намеарзад, палид аст…
Фарзандам! Ту метавонӣ “ҳар гуна будан”-ро, ки бихоҳӣ бошӣ, интихоб кунӣ. Аммо озодии интихоби ту дар чаҳорчӯби ҳудуди инсон будан маҳсур аст. Бо ҳар интихобе бояд инсон будан низ ҳамроҳ бошад, вагарна дигар аз озодӣ ва интихоб сухан гуфтан бемаънӣ аст, ки ин калимот вежаи Худост ва инсон ва дигар ҳеч кас, ҳеч чиз.
Инсон будан яъне чӣ? Инсон мавҷудест, ки огоҳӣ дорад (ба худ ва ҷаҳон) ва меофаринад (худро ва ҷаҳонро) ва таассуб меварзад ва мепарастад ва интизор мекашад ва ҳамеша ҷӯёи мутлақ аст. Ҷӯёи мутлақ. Ин хеле маънӣ дорад… Дар ин зиндагии масрафӣ ва… бархӯрдорӣ ҳама дорад поймол мешавад. Инсон дар зери бори сангини муваффақиятҳояш дорад масх мешавад, илм имрӯз инсонро дорад ба як ҳайвони қудратманд бадал мекунад. Ту ҳар чи мехоҳӣ бошӣ, бош, аммо одам бош!
Агар пиёда ҳам шудааст, сафар кун. Дар мондан, мепӯсӣ. Ҳиҷрат калимаи бузурге дар таърихи “шудан”-и инсонҳо ва тамаддунҳост. Урупоро бубин, аммо вақте, ки Эронро дида бошӣ…
Агар ба Урупо рафтӣ, аввалин корат ин бошад, ки дар ҷойе утоқ бигирӣ, ки ба хориҷиҳо утоқ иҷора намедиҳанд. Дар маҳаллае, ки хориҷиҳо сукунат надоранд… Бо ҳама чиз даромез ва бо ҳеч чиз омехта машав. Дар инзиво, пок мондан на сахт аст ва на боарзиш.
کن مع الناس ولا تکن مع الناس
– воқеан сухани пайғамбарона аст.
“Воқеият, хубӣ ва зебоӣ”. Дар ин дунё ҷуз ин се, ҳеч чизи дигар ба ҷустуҷӯ намеарзад. Нахустин бо андешидан, илм. Дуввумин бо ахлоқ, дин. Ва севвумин бо ҳунар, ишқ. (Ишқ) метавонад туро аз ин ҳар се маҳрум кунад… Ва ман нахустинашро таҷриба кардаам ва ин аст, ки онро “дӯст доштан” ном кардаам…
Дар поёни ин ҳарфҳо, бар хилофи ҳамеша, эҳсоси лаззат ва ризоят мекунам, ки умрам ба хубӣ гузашт. Ҳеч вақт ситам накардам. Ҳеч вақт хиёнат накардам ва агар ҳам ба хотири ин буд, ки имконаш набуд, боз худ саодате аст…
Ва Худоро сипос мегузорам, ки умрро ба хондану навиштану гуфтан гузарондам, ки беҳтарин “шуғл”-ро дар зиндагӣ, мубориза барои озодии мардум ва наҷоти миллатам медонистам. Ва агар ин даст надод, беҳтарин шуғли як одами хуб, муаллимӣ аст ва нависандагӣ ва ман аз 18-солагӣ корам ин ҳар ду…”
Манбаъ: Shafaqna
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсоф
Бузургтарин таҳдиди демукросии ғарбӣ

Матолиби пурбоздид