Одат ба тафаккур ва тааққул

Одат ба тафаккур ва тааққул

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсон барои ин ки аз чанголи тасаллути шаҳавоти табоҳкунандаи ҷисму ҷон ва ақлу имон ва дунёву охират наҷот пайдо кунад, роҳе ҷуз тақвияти ҷониби нерӯи ақл надорад. Яке аз роҳҳои тақвияти ин нерӯ ин аст, ки коре кунад, ки таъаққул ва тафаккур дар корҳо барояш ба сурати як одат дарояд, аз аҷала дар тасмим бипарҳезед.

Шахсе омад хидмати Расули Акрам (с), арз кард: насиҳате ба ман бифармоед. Фармуд: оё агар туро насиҳате бикунам, амал хоҳӣ кард? Он мард дар ҷавоб гуфт: бале. Ва то се мартиба ин суолу ҷавоб байни Расули Акрам ва он мард радду бадал шуд ва дар ҳар мартибае Расули Акрам ба ӯ мефармуд, оё агар дастуре бидеҳам, амал хоҳӣ кард? Ва ӯ дар ҷавоб мегуфт, бале, амал хоҳам кард.

Пас аз таъаҳҳуди муаккаде, ки Расули Акрам аз он мард гирифт, ба ӯ фармуд:

إذا هممت بأمر، فتدبر عاقبته

)“Биҳорул-анвор”, ҷ.71, с.339) Яъне ҳар гоҳ тасмими кореро гирифтӣ, аввал тадаббур ва тафаккур кун ва оқибат ва натиҷаи онро бибин, (ки) агар рушду ҳидоят аст, онро таъқиб кун ва агар шарру залолат аст, аз он дурӣ кун.

Аз тарзи таъаҳҳуд гирифтани Расули Акрам аз он мард маълум мешавад, ки барои ин ҷумла фавқулъодда аҳаммият қоил буда, мехоҳад ба мо бифаҳмонад, ки бояд одат ба фикру тадаббур дошта бошем ва дар ҳеч коре пеш аз он ки комилан онро зеру рӯ кунем ва натоиҷ ва авоқиби онро бисанҷем, ворид нашавем.

Инсон бояд аз мантиқ пайравӣ кунад, на аз эҳсосот. Инсон дар коре, ки аз рӯйи мантиқ сурат мегирад, ҳисоб ва пешбиниҳои лозимро карда, нурафкани ақл ва андешаи худро ба атроф андохта ва ҷавониб ва атрофи корро таҳти назар гирифтааст. Вале дар коре, ки аз рӯйи эҳсосот сурат мегирад, нақша ва ҳисоб ва дурандешӣ дар кор нест, сирфан руҳи башар аз роҳе доғ шуда ва ҳаяҷоне падид омада ва инсон барои он ки ҳаяҷони руҳии худро таскин диҳад, ба амале мубодарат мекунад ва ба воситаи ғубор ва тирагие, ки аз таҳайюҷи эҳсосот пайдо мешавад, маҷоли дурандешӣ ва таваҷҷӯҳ ба авоқиб ва натоиҷи кор аз инсон салб мешавад.

Бар ҳамаи афроди башар каму беш, ҳам мантиқ ҳукумат мекунад ва ҳам эҳсосот. Як ҷумла, ки инсон дар ҳузури ҷамъе адо мекунад ё як амале, ки дар иҷтимоъ анҷом медиҳад, аз як тараф вобаста ба як силсила эҳсосот ва авотиф ва ҳаяҷоноти дарунӣ аст ва аз тарафи дигар чун каму беш дар атрофаш диққат ва фикр шуда, вобаста ба мантиқ ва таъаққул аст. Вале бархе мардум бештар аҳли мантиқанд ва баъзе мардум бештар аҳли эҳсосот. Ҷомеашиносон мегӯянд, ин ихтилоф дар миёни миллатҳо низ дида мешавад. Баъзе аз миллатҳо ба мантиқ наздиктаранд ва баъзе ба эҳсосот. Ин дастури ҷомеъи Расули Акрам мегӯяд: ҳамеша дар корҳо мантиқро дахолат бидеҳ ва ҷилави туғён ва ҳукумати эҳсосотро бигир, марди мантиқ бош, на эҳсосот.

Ҳар андоза, ки як фард ё як миллат дар роҳи камол ва тараққӣ пеш меравад, ба тадриҷ аз эҳсосот ба мантиқ мегарояд. Наздик шудан ба ҳукумати мантиқ ва хориҷ шудан аз таҳти сайтара ва ҳукумати эҳсосот, далел бар пухтагӣ ва такомули руҳ аст. Инсон дар туфулият ва кӯдакӣ як порча эҳсосоти бемантиқ аст ва ба ҳамин ҷиҳат аз идора кардани худ ва аз ҳифзи масолеҳи худ оҷиз аст. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки тифлро зуд мешавад дар ҷараёне ворид кард ва эҳсосоташро истихдом кард ва ба нафъи худ дар маҷрое ба кор андохт, аммо ҳар андоза, ки аз синини умр мегузарад ва таҷриба зиёдтар мешавад, мантиқ дар вуҷуди инсон қувват мегирад. Албатта танҳо мурури замон ва гузаштани умр кофӣ нест, ки инсонро марди мантиқ ва таъаққул кунад.

Ин фазилати ахлоқӣ низ монанди ҳамаи фазоили дигари ахлоқӣ тамрин ва муморасат ва муҷоҳидат лозим дорад. Аввалан андӯхтаи илмӣ ва сармояи фикрӣ лозим аст. Сониян инсон бояд муддате бо заҳмат худро водор кунад, ки дар пешомадҳо ва тасмимҳо зиёд фикр кунад ва то авоқиб ва натоиҷи кореро комилан насанҷад, ба ҳаяҷоноти дарунии худ тартиби асар надиҳад.

Аз суханони Расули Акрам аст:

ما أخاف علی أمتي الفقر ولكن أخاف عليهم سوء التدبير

(Аволӣ ал-лаолӣ, ҷ.4, с.39) Яъне нигаронии ман бар умматам, аз ноҳияи фақр нест, фақр дарде аст, ки илоҷаш душвор нест. Нигаронии ман аз ноҳияи суитадбир ва қиллати мизони мантиқ ва истидлол аст.

Ҳадиси дигаре аз Расули Акрам маъсур аст, ки зимнан муштамил бар достоне аст ва амалан дар он достон фарқ байни пайравӣ аз мантиқ ва пайравӣ аз эҳсосот дида мешавад: марде аз аъроб ба хидмати Расули Акрам омад ва аз ӯ насиҳате хост. Расули Акрам дар ҷавоби ӯ як ҷумлаи кӯтоҳ фармуд ва он ин ки:

لا تغضب

Яъне хашм нагир. Ва он мард ҳам ба ҳамин миқдор қаноат кард ва ба қабилаи худ баргашт. Тасодуфан вақте расид, ки дар асари ҳодисае байни қабилаи ӯ ва як қабилаи дигар низоъ рух дода буд ва ду тараф саффороӣ карда ва омодаи ҳамла ба якдигар буданд. Он мард рӯйи хӯю одати қадим ва таъассуби қавмӣ таҳйиҷ шуд ва барои ҳимоят аз қавми худ силоҳ ба тан кард ва дар саффи қавми худ истод. Дар ҳамин ҳол, гуфтори Расули Акрам ба ёдаш омад, ки набояд хашму ғазабро дар худ роҳ бидиҳад. Хашми худро фурӯ хӯрд ва ба андеша фурӯ рафт. Мантиқаш бедор шуд. Бо худ фикр кард, чаро беҷиҳат бояд ду даста аз афроди башар ба рӯйи якдигар шамшер бикашанд? Худро ба саффи душман наздик кард ва ҳозир шуд он чи онҳо ба унвони дия ва ғаромат мехоҳанд, аз моли худ бидиҳад. Онҳо низ, ки чунин футувват ва мардонагӣ аз ӯ диданд, аз даъвоҳои худ чашм пӯшиданд. Ғоила хатм шуд ва оташе, ки аз ғалаёни эҳсосот афрӯхта шуда буд, бо он ақл ва мантиқ хомӯш гашт.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Бист гуфтор)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мушоҳидаи паҳподҳои Эрон дар осмони Ню-Йорк
Афрод ва ислоҳи ҷомеа

Матолиби пурбоздид