Омрико: Вошингтун барои ҷилавгирӣ аз ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба дунболи роҳи ҳалли диплумотик аст

Омрико: Вошингтун барои ҷилавгирӣ аз ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба дунболи роҳи ҳалли диплумотик аст

 Ҷанги дигар миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба осонӣ метавонад ба як ҷанги минтақаӣ табдил шавад

Ахбори байналмилал

Anadolu

Вазири дифои Омрико ҳушдор дод: “Даргирӣ миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон метавонад ба суръат дар минтақа густариш ёбад.”

Ба гузориши хабаргузории Anadolu, вазири дифои Омрико нисбат ба паёмадҳои даргирии тамомаёр миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод.

Лойд Остин, вазири дифои Омрико рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, ки Вошингтун барои ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш дар ҳар ду тарафи марзи Лубнон ва Исроил ба дунболи роҳи ҳалли диплумотик аст.

Вазири дифои Омрико ҳушдор дод, ки ҷанги дигар миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба осонӣ метавонад ба як ҷанги минтақаӣ табдил шавад.

Остин муддаӣ шуд, ки мавзеи Ҳамос дар мавриди пешниҳоди оташбас, боиси тӯлонӣ шудани таниш мешавад.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ҳам дар дидор бо Остин, аз ҳимоят Вошингтун аз ин режим аз ибтидои амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” қадрдонӣ кард.

Исроил дар бораи Ғазза бар сари дуроҳӣ қарор дорад ва сафари вазири ҷанги Исроил ба Вошингтун, барои гуфтугӯ дар мавриди аҳдофи муштарак бо Омрикост.

Вазир ҷанги режими саҳюнистӣ ҳамчунин гуфт, ки замони он фаро расидааст, ки Вошингтун ба тааҳҳудоти худ дар ироаи таслеҳоти мавриди ниёз барои муқобила бо таҳдидот амал кунад.

Ҳамзамон Мэттю Миллер, сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Вошингтун ба таъмини амнияти Телавив мутааҳҳид аст ва ба ҳамин иллат ба ирсоли таслеҳоти мавриди ниёз он идома медиҳад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳҳои нуфузи шайтон
Дар ҳошияи интихоботи Эрон

Матолиби пурбоздид