Осӯхта

Адаб
Осӯхта
Достони кӯтоҳ
Фирдавси Аъзам
Марди миёнсоле панҷ ангушти ҳамсарашро бо дастарра ҷудо ва худашро ҳалқовез кард; худтарконии ҷавоне боиси марги 33 намозгузор шуд; модаре ягона кӯдакашро фурӯхт… Ин ва чанд хабари дилхарошро дирӯз дохили автобус (утубус) хондам. Расонаҳо ҳаросангезанд, ҳич вақт хабари хуш надоранд, фақат дилсиёҳӣ. Ин чархаи ҷурму ҷиноят кай поён меёбад? Яке мекушад ва фикр мекунад бар решаи фасод теша мезанад, он дигар аз куштор лаззат мебарад… Биё, беҳтар аст интернети лаънатии гӯширо хомӯш мекунам.
Осмонро абрҳои парокандаи хокистарӣ пӯшонда буд ва роҳгузарон чатрҳоро зери бағал доштанд. Дар истгоҳи Шешкине фуромада, вориди китобфурӯшӣ шудам. Бӯи китобҳои қадимӣ ва тоза машомамро пур мекард. Китобҳо-аз адабиёти куҳан то муосир-рӯи қафасаҳо муназзам чида шуда буданд ва барои ҷалби таваҷҷуҳ рақобат доштанд. Чароғҳои рӯшан дурахшандагии зарифе рӯи ҷилди хушранги китобҳо меандохт, ки водорат мекард сӯяшон биравӣ ва ламсашон кунӣ. Кафи зери поям мисли рӯғани рӯи кафшҳои чармиям барқ мезад.
Сандалиҳои чармӣ, мизҳои хушсохти чӯбӣ дар ҳар гӯша, мошини таҳрири қадимӣ, хиши-хиши мулоими гоҳбагоҳи варақгардонӣ, замзамаи пасти китобдӯстон ва чидамони мураттаби китобҳо фазои васвасаангезу афсонаиро фароҳам мекард. Бӯи занандаи китобҳо, ки аксаран ба забони литвониёӣ буданд, аз атри тунди харидорон бештар эҳсос мешуд. Аз миёни роҳравҳо адои китобхонҳоро дароварда, бо ҳавсала қадам бармедоштам. Ба назарам расид дар дунёи дигаре қарор дорам. Ҷое, ки қонуни воқеият вуҷуд надорад. Рост ба бахши адабиёти хориҷӣ рафтам. Росташро бихоҳед барои хариди “Муҳокима”-и Кофко омада будам. Аммо тасвири марде бо ришҳои дароз ва пешонии фароху чашмони андешаманд, ки тамоми рӯи муқоваи хокистарирангро гирифта буд, таваҷҷуҳамро ҷалб кард. Мард мустақим ба чашмонам менигарист. Нигоҳи тезаш то мағзи устухонҳоям мерасид ва мегуфт: “Маро бигир”. Дар дилам ҳавасе пайдо шуд, ки онро бихарам. Аммо нигоҳи Кофко бо гардани каҷ раҳоям намесохт, ки канори он қарор дошт. Рафтам ва «Ҷиноят ва мукофот»-ро бардоштам.
****
Баробари расидан ба манзил, китобро бо зарофат рӯи мизи рангпаридаи ошпазхона гузошта, қаҳвадурусткунро рӯшан кардам. Танҳо мизи хона канори панҷара қарор дошт. Аз пушти шишаи шаффофи даричаи ошпазхона, ки пардаи кӯтоҳ ва содаи яктарафкашидае дошт, осмони пӯшида аз абрҳои сиёҳро бемалол медидам. Қаҳва омода шуд. Пушти миз нишастам. Вақте китобро кушодам, нури дурахшону шаффофе аз қабати сафҳаҳояш берун зад. Он қадр рӯшан набуд, ки чашмамро бизанад. Ногаҳон иттифоқи аҷибу ғайриинтизоре уфтод … рӯбарӯям Достоюфский зоҳир шуд, мисли Алоуддин, ки аз лӯлаи борики чароғи ҷодуӣ берун меҷаст. Бовар кунед, рост мегӯям. Ҳозирам қасам бихӯрам. Рӯҳ набуд, рӯъё ё таваҳҳуме ҳам набуд. Аҳли машруб ҳам нестам, ки фикр кунед маст будам. Достоюфский куту шалвори фарсудае ба тан дошт ва риши дарозаш номураттаб менамуд. Айнан тасвири рӯи китоб. Тамоми ҷузъиёти хонаро мисли як корогоҳ баррасӣ карду сипас дар ҳоле, ки ба китоб ва риштаҳои борике, ки аз финҷон мебаромаданд, нигоҳ мекард, бо овози амиқ, аммо расо гуфт: “Ба гапи Толстой акнун бовар кардам, ки мегуфт аз дасти ту ҳич халосӣ нест”.
Аз зоҳири ногаҳонӣ ва ҳайбати бовиқори ӯ ваҳмам зер кард, ором аз рӯи сандалӣ хестам. Аз тамоси зонуҳоям ба парраи миз, қариб буд финҷон чаппа шавад. Фақат қадре такон хӯрду чанд қатра қаҳва рӯи миз давид. Бо садои ларзон “салом”-гуфтам, ки ларзиши овозамро бармало мешунидам. Ҳайрати чеҳраамро хонда буд, ки гуфт: “Дар ин дунё ҳар чизе мумкин аст, дӯсти ҷавон. Чи мехоҳӣ аз ман, чаро маро ин ҷо овардӣ? Машғули навиштан будам, корам аз мӯи сар зиёд…”
Худам намедонам чигуна ин калимаҳо аз даҳонам берун ҷаҳиданд: “Устод, ман…мехостам дар мавриди осори Шумо бештар бидонам. Навиштаҳоятон ҳамеша маро ба фикр вомедоранд, бавижа, ҳамин китоб ва… Рос…Роскулникуф…”
Гӯё албастӣ дида бошам, забонам ба сахтӣ мечархид. Достоюфский сар такон дод: “Оҳ… Роскулникуф…Моҷароҳо дорад”.
Вақте шурӯъ ба суҳбат кард, овозаш як навъ ҳолати ҳипнутизме пайдо кард, ки маро ба даруни вожаҳояш мекашид. Ё беҳтар аст бигӯям, маро ба солҳо пеш мебурд. Бастаеро аз бағалкисааш баровард. Онро кушод. Сари чанд коғази лулаишакл дида мешуд. Якеро ором берун кашид ва бастаро гӯшаи миз гузошт. Пеш аз он ки онро миёни лабонаш гузорад, гуфт: «Роскулникуф одами печидаест. Мисли як пиёз, пур аз лояҳои печдарпеч. Гоҳе худамро озор медиҳад, бо инки худ сохтамаш. Аммо, эҳсоси гуноҳу шарм ба хотири аъмолаш ӯро зоҳиран ранҷ медиҳад».
Ҳис кардам Достоюфский то андозае дар равони Роскулникуф фурӯ рафт ва ман саропо-бо тамоми зарра ва ҳуҷайраҳои вуҷудам гӯш шуда будам. Суханони ӯ тасвири рӯшан аз ҷавони шиканҷашударо тарсим мекард. Намедонам чи тур ба худам ҷуръат додаму бо шакк пурсидам: “Мебахшед, чаро пиразан ва хоҳарашро куштед?”. Ӯ дар ҳоле, ки сигорашро рӯшан мекард, бо ваҷоҳате пур аз тардид сӯям нигаристу ин бор шубҳаомез гуфт: “Ман? На! Ман қотил нестам. Ҳамааш гуноҳи худаш аст. Роскулникуфе, ки ҳамеша бо худаш дар ҳоли ҷанг аст. Худро як Наполеон мебинад, марде фаротар аз қонун. Ҳмм..аммо дар ҳақиқат, як тарсуст. Одаме, ки барои рӯёрӯӣ бо саранҷоми аъмолаш заъиф аст. Ӯро тахминҳояш дар бораи виҷдону табиати инсон маҷбур ба куштан карда. Худашро, ба тавраш, абаринсон меҳисобад. Чи иддаои пучу аҳмақонае…”
Қатраҳои кӯчаки борон рӯи қисмати беруни шишаи панҷара нишастанд. Эҳсос кардам дигар садоям намеларзад. Эътирозмандона пурсидам: “Пас чаро ин корро кард?”
Дурахши раъду барқ бо садои ғулдур-ғулдуре аз пушти шишаи панҷара баромад. Чашмонаш калон шуданд. Чанд қадаме ба тарафи панҷара бардошту ба берун нигарист: «Роскулникуф бовар дорад, ки амалҳояш пазируфтанист ва онҳо реша дар хашм надоранд. Ӯ пиразанро як ангал мебинад, як “шапуши бефоида”, бовар дорад бо куштани ӯ кори дурусте анҷом медиҳад ва хайру баракат ба зиндагии дигарон меоварад…».
“Яъне дар чанголи виҷдону ақлаш гирифтор аст?”.
Аз дуди ғализи сигораш сурфаам гирифт. Ӯ, ки ҳамчунон назди панҷара қарор дошт, қисмати болоии панҷараро қадре боз карду ба сӯям нигарист: “Зоҳиран, бале. Ва ба ҳамин хотир аст, ки шахсияти ҷаззобе дорад. Касе, ки байни майл ба қудрату ниёзаш ба растгорӣ саргардон аст. Аммо вуруди ғайриинтизори хоҳари пирзан нақшаашро барбод дод…”
Ҳич ҳавре аз финҷони қаҳва намебаромад. Аслан ёдам рафта буд, ки қаҳвае вуҷуд дорад. Ҳатто фаромӯш карда будам, ки финҷоне ҳам ба меҳмонам пешкаш кунам. Ҳамонтур, ки ӯ суҳбат мекард, эҳсос намудам амиқтар ба дунёи Роскулникуф фурӯ рафтаам. Тақрибан сангинии гуноҳу шарму азоби ошуфтагии даруниашро эҳсос мекардам.
Онгоҳ аз меҳмон пурсидам: “Пас, модоме ки куштани хоҳари пирзан дар барномааш набуд, чаро ӯро кушт. Ба ҳар ҳол, ман фикр мекунам, ки ӯ як ҷинояткор аст”.
Борон шиддат гирифта буд. Достоюфский пушти сарашро хорид. Аз хокистари лахдори сари сигори миёни ангуштонаш, ки зоҳиран ба он нигоҳ намекард, дуди кабуд мебаромаду ҳалқавор пахш мешуд: «Ман намедонам, бояд аз худаш бипурсӣ. Ман аз куҷо медонам даруни торикхонаи зеҳни ӯ чӣ мегузарад? Шояд қатли он зани бегуноҳ ҳам аз назари ӯ далеле дорад, чун ӯ барои худ назари иҷтимоие сохта буд. Одамҳо ҳич кореро бе далел анҷом намедиҳанд. Ба ҳар ҳол, агар намекушт, ҳатман кушта мешуд, яъне мемурд. Ҳамаи мо инсонҳо дар даруни худ ҷаллодони бераҳме дорем. Аммо, бо ин ҳол, барои Роскулникуф, фикр кунам, умеде вуҷуд дорад. Аз тариқи каффора, ӯ метавонад растгорӣ пайдо кунад, метавонад корҳои худро ҷуброн кунаду роҳе барои зиндагӣ бо худ биёбад. Дар зимн, ту ҳам худат як қотилӣ. Фаромӯш кардӣ чӣ балое сари он ҷавон овардӣ?Достонатро мегӯям, “Сафар”. Зоҳиран, баъзеҳо бақоро дар куштани дигарон медонанд…”
Бо инки тааҷҷуб доштам, чи тур нависандаи оламшумул достонаки камарзиши маро хонда, аз фарти буҳт пурсидам: “Дар куштани дигарон? Яъне чӣ, ин иддао, ки аслан ҳич маънию мантиқе надорад. Яъне амали Роскулникуф танҳо аз назари қонун ҷиноят буд, аммо аз чашми виҷдонаш ҷурм набуд?”
“Шояд-пуке ба сигор заду идома дод-аммо боз мегӯям, ман вакили ӯ нестам. Бояд аз худаш бипурсӣ. Ту, ки худ бо як тир мағзи нависандаеро ба бод додӣ, медонӣ қатл чист ва халлоқи асар чаро бояд қаҳрамон-офаридаи худро нобуд кунад. Шарорат дар зоти ҳамаи мост. Эҳтиёт кун, Роскулникуф дӯст надорад касе пушти сараш гап бизанад. Илова бар ин, инсон бо фикр кардан ба касе ё чизе, онро ба сӯи худ мекашонад. Медонистӣ? Хуб, кофист, ман ҳамин ҳоло бояд биравам. Замон барои ману ту беш аз ин арзиш дорад…”
Инро гуфту мисли дуди сигораш нопадид шуд. Аммо бӯи занандаи тамоку, ки бештар ба сӯхтагӣ наздик буд, ҳамчунон дар фазои танги ошпазхона мепечид ва рӯи либосҳои ман менишаст. Финҷони қаҳва лабназада, гӯшаи миз, канори бастае истода ва лояи сатҳи он кафк карда буд, мисли сари шир. Бӯи сӯхтагӣ биниямро озурд. Дақиқан ҳамон ҷое, ки меҳмонам рост истода сигор мекашид, дидам, ки дуд аз нуқтаи кӯчаки сиёҳе мисли мор ба боло мехазад. Саросема хестаму кафи тахтаро бо таҳи кафшам пок кардам. Аммо сатҳи нозуки чӯб сӯхта, доғеро ба андозаи тугмаи пироҳан ба ҷо монда буд.
Аҷаб! Ин нуқта дақиқан ба ҳамин андоза ё шояд бештар дар мағзам фурӯ мерафт ва нақб мезад.
Борон ҳамчунон худашро ба шиша мезаду ҳар аз гоҳе ғурриши раъду барқ панҷараро меларзонд. Ман мондаму китоби баста рӯи дастонам. Ҳамон ҷо, дар ошпазхона нишастам, ғарқ дар фикр. Мисли як муҷассамаи ғамгин. Торикӣ рӯи шаҳр нишаста буд ва ҳар аз гоҳе ханҷари раъду барқ синаашро мешикофт. Суханони печидаи Достоюфский дар зеҳнам ғалаён ба по карда буд. Пас, бо ин ҳисоб Роскулникуф як эътирозгар буд? Аз худам мепурсидаму посухе намеёфтам. Ошпазхона саҳнаи печидаеро мемонд. Дуруст монанди табиати чандгонаи мо-инсонҳо. Ба лағзандагии марзҳои борики ахлоқ, ошуфтагии афкор, нозукии пардаи виҷдон ва ҳазорхонаи пурпечу хами зеҳни одамӣ меандешидам ва ба ормонҳои инсонӣ. Оё ҷиноят маҳсули қазоватҳои бовар аст ё кори дил ва ё виҷдон? Ҳукмро кудом яке содир мекунад? Ҳамлаҳои интиҳоримеҳвар, боварҳо, иҷтимоъ ва ё чизи дигар? Шояд ҷудо аз натиҷагириҳои ақлоният, иҷтимоъ низ дар шаклгирии афкори мо нақше дошта бошад? Боварҳо хатар эҷод мекунанд? Ин пурсишҳо натиҷаи ҳамон ҳарфҳои мармузи худи Достоюфский ва китобаш буд.
Кош “Муҳокима”-и Кофкоро ҳам мегирифтам, он вақт рози иттиҳоми қаҳрамонашро мефаҳмидам, дар ҳоле ки баръакси Роскулникуф, ӯ даст ба ҳич ҷинояте назад. Барои лаҳзае эҳсос кардам ба гузашта рафтаам ва онҷо мондаам. Ба дунёе, ки марз байни ҳаққу ботил, некӣ ва бадӣ маҳв шудааст.
Дар ҳоле, ки ҳамчунон дар сукути мутлақ ба ҳарфҳои меҳмони рафтаам фикр мекардам ва борону раъду барқ пушти панҷара қиёмат барпо карда буданд, садои муштҳои муҳкам аз пушти дар баромад. Саросема китобро рӯи миз мондам ва бо қадамҳои сангин ба самти дар рафтаму онро кушодам. Пойҳоям дар ҳамон нуқтае, ки истода будам, гӯё ба замин фурӯ рафтанд. Агар бигӯям, ки кӣ пушти дар истода буд, боваратон намешавад…
Фирдавси Аъзам
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ислоҳи зеҳн ё ислоҳи зоиқа
Нигоҳе ба Форобӣ ва фалсафаи ӯ

Матолиби пурбоздид