Офаридаҳои Худо – хайри маҳз
Ҳама чиз саросар хайр аст, чӣ дар ин дунё ва чӣ дар охират, яъне ҳар чи Худо офарида хайри маҳз аст; ва агар чизе ба шарр васф мешавад мисли шайтон ва ё одаме мисли Фиръавн, ин нисбӣ аст, шайтон нисбат ба мо одамҳо шарр аст, чун бадии моро мехоҳад, вагарна ба худии худ чаро шарр бошад? Дуруст мисли каждум, ки нисбат ба мани инсон бад ва шарр аст, зеро ки мегазадам, аммо ба худии худаш – ва қатъи назар аз мани инсон – чаро бад бошад?
Хулоса, Худо зебост ва ҷуз зебоӣ наёфарида; тамоми махлуқоти вай аз ҷумла шайтони лаъин дар ҷойи худашон ва барои худашон зебоянд, чун мавҷуди Худоянд ва агар ба шарр васф мешаванд, ин шарр нисбӣ аст, нисбат ба дигар чизҳо масалан нисбат ба мо инсонҳо. Ва чи басо мо одамҳо нисбат ба шайтон мавҷуди шарре талаққӣ шавем ва шаррамон хонад ва малъун пеши худ бигӯяд, агар одамизод набуд, ман аз пеши Худо ронда намешудам.
***
Зебоии дунё барои одам дар ин аст, ки ӯ дар сари дуроҳӣ қарор гирад; роҳи хайр ва роҳи шарр. Рафтан ба ҳар як аз ин ду роҳ барои ӯ муяссар бошад. Касе, ки роҳи хайрро мепаймояд, бо ихтиёри худаш онро бипаймояд. Ва касе ҳам, ки роҳи шарро мепаймояд, ӯ ҳам ихтиёр дошта бошад ва касе онҷо бошад, ки роҳи шарро барои ӯ “ширин” ва “зебо” нишон диҳад. Ва ин кас ҷуз шайтон нест.
Пас, дар маҷмӯъ шайтон ҳам дар ин олам бояд бошад.
Ин аст, ки мегӯем, Худо ҷуз хайр намеофарад.
Facebook: Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламоналайн