Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – I

Фарҳанг

Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға

 Наҳҷулбалоға чӣ китобест?

Муаррифии китоб

Бахши аввал

Имом Алӣ (алайҳис-салом) фақат ҳокиме набуд, ки қарорҳое содир кунад ва иҷрои онҳоро ба зўр аз тўдаи мардум бихоҳад, балки соҳиби рисолат ва ҳомили як асос буд. Барояш муҳим буд, ки мардум рисолаташро дарк намоянд ва асосҳояшро бифаҳманд. Ба ҳамин хотир таваҷҷўҳ ба ҷиҳатбахшии тўдаи мардум аз роҳи эроди хутбаҳо, навиштани номаҳо, васиятҳо ва таълимот дошт. Коргузорони худро дар дастгоҳи ҳукумат бо насиҳатҳо ва ҷиҳатбахшиҳои тарбиятӣ тағзия мекард то нақши раҳбарикунандаи худро ба беҳтарин шакл адо намоянд ва ин худ барои уммат боигарии калоне аз ҷиҳатбахшиҳои Имом Алӣ (алайҳис-салом) ва таълимоташро фароҳам овард.

Алорағми ин ки ҳукуматҳое, ки баъд аз ин пушти сари ҳам бар уммати исломӣ ҳукумат ронданд, бо ин сарват ва боигарии бебаҳо мубориза мекарданд ва пеши роҳи нашрашро мегирифтанд, вале миқдори зиёде аз ин сарват ин шароитро пушти сар карда ва ба дасти наслҳои баъдии уммат ба сурати пароканда расид. Дар охирҳои асри чаҳоруми ҳиҷрӣ марҳуми Шарифи Разӣ (разияллоҳу анҳу) дар андешаи гирдоварии ин боигарӣ ва нигаҳдории ин мероси бебаҳо афтод, вале ба хотири доштани тамоюлоти адабӣ, танҳо ба ҷамъоварии суханоне, ки рангу бўи балоғату фасоҳати бештаре доштанд, таваҷҷўҳ намуда ва ба ғайри онҳо аз суханон ҳарчанд арзиши фикрӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд ҳам, таваҷҷўҳе нанамуд.

Дар муқаддимаи китоби “Наҳҷ-ул-балоға” мегўяд: “Агар дар миёни он чи баргузидаам, фаслҳои ғайри муназзам ва суханони ғайри мураттабе омада, ба хотири он аст, ки ман нуктаҳо ва ҷумлаҳои дурахшони он ҳазратро ҷамъ мекунам ва манзурам ҳифзи тамоми пайвандҳо ва иртибототи каломӣ нест.”

Аз худи номгузории китоб ба номи Наҳҷ-ул-балоға (равиши балоғат) аз сўи Шарифи Разӣ тамоюлоти адабии ў ба рўшанӣ ба чашм мерасад. Вале дар воқеъ суханони Имом Алӣ (алайҳис-салом) ҷўш ба ҳаётбахшӣ мезанад ва тапиш ба мубориза ва талошу кўшиш дорад. Бинобар ин метавон номашро “Наҳҷҷ-ул-ҳаёт” (равиши зиндагӣ) ё “Наҳҷ-ул-низол” (равиши мубориза) ва ё “Наҳҷ-ул-ҷиҳод” (равиши ҷиҳод) гузошт. Вале тамоюлоти Шариф ўро водор кардааст, ки исми китобро “Наҳҷ-ул-балоға” гузорад бо ин ки ҳадафи хутбаҳо ва суханони Имом (алайҳис-салом) балоғат нест, балки балоғат танҳо салиқаи ўст. Ҳадаф аз суханони Имом (алайҳис-салом) маъноҳои ҳаётбахш ва масоили мубориза ва талошу кўшиш аст.

Ба ҳамин сабаб аст, ки Шарифи Разӣ қисматҳои бисёре аз баъзе хутбаҳо ва номаҳоро андохтааст. Ғолибан он чи Шариф дар Наҳҷ-ул-балоға мегўяд чунин аст: “Аз хутбаи Имом Алӣ (алайҳис-салом)”, ё “Аз номаи Имом Алӣ (алайҳис-салом)” ва бо вуҷуди он, марҳуми Шариф иддао накардааст, ки ба тамоми суханони Имом (алайҳис-салом) иҳота пайдо кардааст. Худаш тасреҳ кардааст, ки дар поёни ҳар бобе варақҳои холие гузоштааст то агар баъдан чизе пайдо кунад ба он мулҳақ созад. Ин аст сухани ў дар ин маврид: “Сипас ба ҳар кадом аз онҳо боберо ихтисос додам ва саҳифаҳоеро махсуси он қарор додам то муқаддимае бошад барои ба даст овардани он чи ки ба он дастрасӣ надорам ва мумкин аст дар оянда ба он бирасам…”

Шарифи Разӣ худ аз сулолаи поки Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) ба шумор меравад ва исми шарифаш Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Мўсо ибни Иброҳиб ибни Имом Мўсои Козим ибни Имом Ҷаъфари Содиқ ибни Имом Муҳаммади Боқир ибни Имом Алии Зайнулобидин ибни Имом Ҳусайн ибни Имом Алӣ ибни Абўтолиб аст. Соли 359 ҳ. таваллуд ёфта ва соли 406 ҳ. дар Бағдод аз дунё чашм бастааст.

Ў донишмандест бо дониши фаровон ва маърифати васеъ, бузурги хонадони алавӣ ва раиси содот (насли Паёмбар) ва сарпарасти умури ҳаҷ ва додраси мардум.

Таълифоти арзишманди Шариф мисли китоби “Ҳақоиқ-ут-таъвил”, “Талхис-ул-баён фи маҷозот-ил-Қуръон”, “Маҷозот-ул-осор ан-набавийя” ва “Хасоис-ул-аимма” гўёи сатҳи болои илмии ўст.

Шарифи Разӣ Наҳҷ-ул-балоғаро дар тўли 16 сол (аз соли 384 ҳ. т о соли 400 ҳ.) гирд овардааст.

Ахиран яке аз донишмандон ҷаноби алломаи муҳаққиқ Шайх Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ талоши сипосоваре ба харҷ дода ва боқимондаҳои суханони Имомро гирдоварӣ намуданд. Чанд ҷилде аз он ба номи “Наҳҷ-ус-саода фи мустадраки наҳҷ-ил-балоға” дар Бейрут ба чоп расид, ки Худо подоши некў барои муаллифаш ато фармояд.

Ба дурустӣ Наҳҷ-ул-балоға мавриди таваҷҷўҳи камназири донишмандон ва андешмандони уммат қарор гирифтааст. То имрўз бештар аз 150 шарҳ бар ин китоб нигошта шудааст ва ҳамчунин донишмандони бузурге ба баррасӣ ва нашри он бархостаанд ба монанди Имом Муҳаммади Абду муфтии диёри Миср, аллома Шайх Абдулҳамид Муҳйиддин, Сайид Абдулазиз Сайиди Аҳл, доктор Шайх Субҳи Солеҳ ва ахиран адиби масеҳӣ Ҷорҷ Ҷурдоқ.

Наҳҷ-ул-балоға китоби муҳиммест. Вале мутаассифона имрўза аз Наҳҷ-ул-балоға ҷуз чанд то суханон ва хутбаҳои ташвиқкунанда ба дунёзудоӣ ва парҳез аз маргу охират, ки одатан дар маҷлисҳо ва маросими азодорӣ ва дар маҷолиси хатми Қуръон роиҷ аст, намешунавем. Ба ҳамин хотир аст, ки имрўз бештари ҷавонон ба Наҳҷ-ул-балоға фақат ба унвони як китоби азодорӣ нигоҳ мекунанд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маод – XIII
Тоҷикистон дар байни 20 кишвари фасодзадаи дунё қарор гирифт

Матолиби пурбоздид