Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Баъзе кишварҳои исломӣ ба Исроил силоҳ медиҳанд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Баъзе кишварҳои исломӣ ба Исроил силоҳ медиҳанд”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, (5 феврал) дар дидор бо ҷамъе аз фармондеҳони нерӯи ҳавоии ин кишвар, бо баёни ин ки хавосси ҷомеа яъне уламо, донишмандон, сиёсиюн ва матбуотиҳо, тасреҳ кард, хавосси дунёи ислом бояд дархости умумӣ барои қатъи робита бо режими саҳюнистиро ба вуҷуд оваранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, вазифаи хавоссро баёни сареҳи ҳақоиқ ва парҳез аз дупаҳлӯгӯӣ ва баёни суханон тардидомез донист ва афзуд: “Имрӯз як майдони ҷиддӣ барои нақшофаринии хавосси дунёи ислом аъамм аз уламо, донишмандон, сиёсиюн ва матбуотиҳо, мавзӯи Ғазза аст.”

Вай, бо ишора ба рақам хӯрдани фоҷеаҳои инсонӣ дар Ғазза бо пуштибонии Омрико аз режими саҳюнистӣ, табйини ин ҳақиқат барои эҷоди мутолибаи умумии миллатҳои мусалмон аз давлатҳояшон барои зарбаи қотеъ ба режими саҳюнистиро вазифаи муҳимми хавос хонд ва гуфт: “Зарбаи қотеъ ба маънии вориди ҷанг шудан бо режими саҳюнистӣ нест, балки ба маънии қатъи робитаи иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки миллатҳо тавони водор кардани давлаҳо ба қатъи ҳимоят ва пуштибонӣ аз режими саҳюнистиро доранд, гуфт: “Бо вуҷуди ин ки ин режими золим ва гургсифат ин гуна ба ҷони зану кӯдаку бемор афтода ва 20-у чанд ҳазор нафарро ба қатл расондааст, аммо бархе кишварҳои исломӣ боз ҳам ба он кӯмаки иқтисодӣ мекунанд ва ҳатто шунида мешавад баъзе аз онҳо силоҳ ҳам ба режими саҳюнистӣ медиҳанд.”

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба ғарби Яман
Худкифоии Ҳамос дар тавлиди анвои силоҳ

Матолиби пурбоздид