Сайидҳасан Насруллоҳ: Мушкили минтақа, мудохилаи Амрико дар ҳамаи умур аст

Сайидҳасан Насруллоҳ: Мушкили минтақа, мудохилаи Амрико дар ҳамаи умур аст

Ахбори байналмилал

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросиме ба муносибати бузургдошти Шайх Афиф Анноблусӣ, зимни суханронӣ гуфт: Амрико ва мудохилоти ин кишвар омили аслии мушкилоти минтақа аст.

Вай дар мавриди мудохилоти Амрико гуфт: Амрико дар тавтиаи бузург қасд дошт, султаи худро бар минтақа тасбит кунад ва ҳузури худро афзоиш диҳад, вале афроде монанди Анноблусӣ ин тавтиаро ноком гузоштанд. Мо бар ин боварем, ки мушкили аслии минтақа, мудохилаи хасмона ва ҳамаҷонибаи Амрико дар ҳамаи умур аст. Дар муқобили ин мудохила, бо фарҳанг ва сиёсати таслими иродаи Амрико шудан, рӯбарӯ ҳастем.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо баёни ин ки амрикоиҳо мушкили аслии пешгирӣ аз таъмини барқ дар Лубнон ҳастанд, гуфт: Имсол дуввумин соли ваъдаи Амрикост, вале то кунун, барқ ба Лубнон нарасидааст; зеро Амрико аз расидани гази Миср ва барқи Урдун пешгирӣ мекунад; он ҳам ба баҳонаи таҳримҳои сезор. Бояд хашми худро ба Амрико, шайтони бузург нишон диҳем, Амрикое, ки мустабид аст ва ҳатто барқро низ аз миллати мазлуми Лубнон дареғ мекунад!

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ – (4)
Нафси маломатгар яъне чӣ?

Матолиби пурбоздид