Оятуллоҳ Хоманаӣ: Таҳдиди душман корсоз набудааст

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Таҳдиди душман корсоз набудааст

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Таҳдиди нармафзори душман то имрӯз корсоз набудааст”

Байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (душанбе), бо ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони Шарқии ин кишвар, дидор ва гуфтугӯ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Таҳдиди нармафзорӣ яъне дасткорӣ кардани афкори умумии мардум, яъне эҷоди ихтилоф, яъне эҷоди тардид дар муҳкамоти Инқилоби Исломӣ, яъне эҷоди тардид дар пойдорӣ дар муқобили душман. Ин корро доранд мекунанд. Ба фазли илоҳӣ то имрӯз муваффақ нашуданд. То имрӯз васвасаи душман натавониста дили мардуми моро такон бидиҳад ва ҷавонони моро аз азм ва аз ҳаракат бозбидорад.”

Вай афзуд: “Намунааш ҳамин роҳпаймоии азими рӯзи 22 баҳман. Куҷои дунё чунин чизе вуҷуд дорад? Баъд аз чиҳилу чанд сол аз пирӯзии Инқилоб, рӯзи пирӯзии Инқилобро оҳоди мардум ва на нерӯҳои мусаллаҳ, на масъулин, балки тӯдаи мардум, оҳоди мардум, баданаи миллат ин ҷур гиромӣ бидоранд ва бо ин ҳаҷми азим вориди майдон бишаванд, бо ҳама мушкилоте, ки вуҷуд дорад…”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: “Мардум мушкилоте доранд, интизороте доранд, таваққуоти баҳаққе доранд, аммо инҳо монеъ намешавад аз ин ки аз инқилобашон дифоъ кунанд. Маънояш чист? Маънош ин аст, ки таҳдиди нармафзории душман то имрӯз дар ин кишвар ва бар ин миллат корсоз набудааст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллати асабонияти мустаъмирини олам
Назми ҷадиди ҷаҳонӣ

Матолиби пурбоздид