Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Шикасти Исроил дар ҳоли таҳаққуқ аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Шикасти режими хабиси малъуни саҳюнистӣ дар Ғазза, дар ҳоли таҳаққуқ аст”
Ахбори байналмилал
Раҳбари Ҷ.И.Эрон имрӯз (9 январ) дар дидори ақшори мардум гуфт: “Дар масъалаи Ғазза пешбиниҳо дорад ба тадриҷ худашро комилан нишон медиҳад. Аз аввал пешбинии равшанбинони дунё, чӣ инҷо ва чӣ ҷоҳои дигар ин буд, ки дар ин қазия оне, ки пирӯз хоҳад шуд, муқовамати Фаластин аст, оне, ки шикаст хоҳад хӯрд, режими хабиси малъуни саҳюнист аст, дорад иттифоқ меафтад. Доранд ҳама мебинанд инро.”
Вай гуфт: “Се моҳ аст режими саҳюнистӣ дорад ҷиноят мекунад. Аввалан он ҷиноятҳо дар таърих хоҳанд монд. Ҳатто баъд аз оне, ки режими саҳюнистӣ зоил шуд ва нобуд шуд ва ба тавфиқи илоҳӣ аз рӯйи замин пок шуд, ин ҷиноятҳо фаромӯш намешавад, дар китобҳо хоҳанд навишт, ки як рӯзе дар ин минтақа як ҷамоате ба ҳукумат расиданд ва ин ҷур ҷиноят карданд. Дар тӯли чанд ҳафта чанд ҳазор кӯдак ва занро куштанд.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ мақарри фармондеҳии артиши Исроилро ҳадаф қарор дод
Исмоил Ҳаниа: “Исроил дар ҳеч як аз аҳдофи худ ба натиҷа нарасид”

Матолиби пурбоздид