Оё ин ғайрати баҷост?
Ёддошти кӯтоҳе аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
Мошоаллоҳ дар ин чанд рӯз, раги ғайрати бародаронамон баланд шуд, аммо дар баробари чӣ касоне?
Саҳюнистҳо?
Он душманони қасамхӯрдае, ки зарфи 8-9 моҳи ахир, 40 ҳазор мусалмони фаластиниро – ки бештарашон занону кӯдакон ҳастанд – қатли омм кардаанд?
На! Балки дар баробари мусалмонони шиа; мусалмононе, ки ба гумони ин оқоён, мунҳарифанд.
Эй кош раги ғайрати шумо дар баробари саҳюнистҳо баланд мешуд!
Эй кош ба ҷойи даъват аз саҳюнистҳои хуношом дар барномаҳои худ ва мусоҳиба бо ӯ ва “бародар” хонданашон, лоақал як дарсад аз ҳамин ғайрате, ки дар баробари мусалмонони шиа баланд мешавад – шиаёне, ки аз қазо ҳаминон имрӯз бародарон ва хоҳарони мусалмони фаластинии аҳли суннати худро кӯмак ва ёрӣ мекунанд – баланд мешуд!
Аммо ҳайҳот!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн