Оё истротежии калони Эрон тағйир кардааст?

Таҳлили хабарӣ
Оё истротежии калони Эрон тағйир кардааст?
“Аз он ҷойе, ки ба назар мерасад омрикоиҳо камтар ба Ховари Миёна алоқаманд ҳастанд, Русия дар Укройн гирифтор шудааст ва Чин ҳамчунон фоқиди қудрати низомӣ барои тасоҳуби қудрати минтақаӣ аст, Эрон бо чеҳрае меҳрубонтар, акнун кишварҳои арабии нигаронро ба сӯйи худ фаро мехонад. Ба ҳамин далел аст, ки рӯйкарди тозаи Эрон албатта то ҳадде маҳдуд то ин андоза муассир будааст…”
(Ҳаракати Теҳрон ба сӯйи истифода аз ҳавич дар қиболи кишварҳои минтақа)
* * *
Мақолае аз Кенет Пулок (Kenneth M. Pollack) дар нашрияи Foreign Policy
* * *
Тазаккур: Кенет Пулок, таҳлилгари собиқи амниятии CIA (ЦРУ) ва коршиноси сиёсати Ховари Миёна ва умури низомӣ аст. Ӯ аз аъзои Шӯрои амнияти миллии Омрико буда ва чандин мақола ва китоб дар заминаи равобити байналмилал навиштааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ муҳаққиқи муқими Институи American Enterprise аст ва бар рӯйи масоили муртабит бо Эрон, Ироқ, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс кор мекунад. Ӯ пештар дар Андешкадаи Brookings фаъолият мекард.
Инак, мақолаи Кенет Пулок:
Аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979 Эрон ба сурати якҷониба талош карда то бар Ховари Миёна тасаллут ёбад ва Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро берун ронад. Теҳрон барои анҷоми ин кор, ба шиддат бар корзори беамони иқдом алайҳи Омрико ва Исроил мутамаркиз буд. Ва алорағми ин ки ин аҳдоф тағйир накардаанд, ба назар мерасад эрониҳо истротежии калони худро ба шакле асосӣ тағйир додаанд.
Мо ҳаргиз наметавонем мутмаин бошем, зеро тасмимгирии Эрон ҳамвора мубҳам аст, аммо ба назар мерасад Эрон ногаҳон мутаваҷҷеҳ шуда, ки ҳавич (сабзӣ) метавонад абзори муфиде барои сиёсати хориҷӣ бошад. Тақрибан ба ҳар куҷо, ки нигоҳ кунед, Теҳрон акнун ангезаҳои мусбате барои ҳамкорӣ ироа медиҳад. Суоле, ки акнун Омрико бо он мувоҷеҳ аст ин мебошад, ки чӣ гуна сиёсати худро дар изои ин тағйир танзим кунад.
Намунаҳои зиёде аз тағйири Эрон вуҷуд дорад. Эрон бо миёнҷигарии Чин, ба тавофуқе бо Арабистони Саудӣ даст ёфт, ки дар зоҳир суди бештаре барои Риёз дар муқоиса бо Эрон дорад. Дар натиҷа, ду кишвар пас аз як даҳа вақфа, равобити диплумотики худро аз сар гирифтанд. Онон ҳатто дар мавриди ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯ рафтани Судон ба умқи ҷанги дохилӣ, бо якдигар сӯҳбат мекунанд.
Эрониҳо ҳамчунин равобити диплумотики худро бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз сар гирифтаанд ва Теҳрон ба дунболи ҳамкорӣ бо Абӯзабӣ дар заминаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва зерсохтҳо низ мебошад. Аморот то он ҷо пеш рафта, ки аз эътилофи дарёӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар халиҷи Форс хориҷ шуда ва бо пайвастан ба эътилофи рақиб бо ҳузури Эрон мувофиқат кардааст.
Онон ҳатто гуфтугӯҳои оромеро бо Баҳрайн оғоз кардаанд, ки давлати он ҳанӯз Эронро ба хотири талошҳои мухталиф барои барафрӯхтани инқилоб тавассути аксарияти шиъаи кишвар набахшидааст. Эрон ҳамчунин қарордоди тавсиъаи ҷадиди равобит бо Уммонро дар пеш гирифта ва дар ҳоли оддисозии равобит бо Миср аст.
Эрон ҳамчунин музокироти худро бо Туркия (ва Русия ва ҳукумати Асади Сурия) дар бораи ёфтани роҳи ҳалле барои мушкилоти дуҷонибаи худ дар Ироқ ва Сурия аз сар гирифтааст. Эрон як тавофуқи ҷадиди мубодилаи нафт дар баробари гоз бо Ироқ дорад; ҷойе, ки муттаҳидони Эрон ҳатто беш аз гузашта бар давлат тасаллут доранд. Нуктаи ҷолибтар аз ҳама он ки Эрон пешниҳоди ташкили як маҷмаъи минтақаӣ бидуни Иёлоти Муттаҳида ё Исроилро дода; идеяе, ки ба гунае харидор пайдо карда, ки як даҳа пеш ғайри қобили тасаввур ба назар мерасид.
Вазири умури хориҷаи Эрон ба тозагӣ сафаре чаҳоркишварӣ ба халиҷи Форсро ба поён расонд, ки таҳсини эрониёнро барангехт; таҳсине, ки пештар ҳаргиз дарёфт накарда буд.
Албатта ҳамаи ин маворид сирфан табодули гулоб байни Эрон ва аъроб нест. Масоил моҳиятан тағйир накарда. Барои мисол, ҷидол бо Кувайт бар сари як майдони гозии муштарак, бо Аморот бар сари ҷазоири сегона ва бо саудиҳо бар сари Яман вуҷуд дорад. Бо ин вуҷуд, дар маҷмӯъ тибқи меъёрҳо ва истондортҳои Эрон, рӯйкарди ахири он кишвар тағйире ҷаззоб ва воқеӣ будааст.
Бо ин вуҷуд, ин рӯйкарди сулҳталабонаи Теҳрон, ба ишқ ва дӯстӣ бо Исроил ва Омрико таъмим наёфтааст. Дар он маврид, Эрон ба равияи пешини худ идома медиҳад. Нерӯҳои баҳрии Эрон дар баробари Омрико ба тақобул бо киштиҳои омрикоӣ дар халиҷи Форс идома медиҳанд ва Эрон дар шаш моҳи гузашта ҳадди ақал панҷ бор ба нафткашҳои вобаста ба Омрико ё Исроил ҳамла карда ё ононро тавқиф кардааст. Ба назар мерасад, ҳатто озодии ахири зиндониён байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон бештар ба ниёзи шадиди Эрон ба пули нақд марбут мешавад, то ҳар гуна алоқа ба танишзудоии воқеӣ.
Ҳамаи муттаҳидони минтақаии Иёлоти Муттаҳида аз ин ваҳшат доранд, ки Омрико аз онон дар баробари Эрон муҳофизат накунад. Бойден дар ин замина беҳтар амал кардааст, аммо ҳеч як аз онон фаромӯш накардаанд, ки чӣ гуна Тромп идеяи дифоъ аз Арабистони Саудӣ ва Аморот дар соли 2019-ро канор гузошт. Тромп дар он замон солҳо сиёсати Омрикоро эҳтимолан бидуни он ки дарк кунад, мавриди тамасхур қарор дода буд.
Дар натиҷа, тайи чандин соли гузашта, муттаҳидони ховари миёнаии Иёлоти Муттаҳида ниёз ба коҳиши вобастагии худ ба Иёлоти Муттаҳида ва ёфтани дӯстони ҷадид ва ҳомиёни навро эҳсос кардаанд. Ин вазъият мавҷе аз дӯстиҳои ховари миёнаӣ бо нақшофаринии Чин, Русия, Ҳинд ва бархе аз кишварҳои урупоиро мӯҷиб шудааст. Сиёсати хориҷии ҷадиди Эрон мумкин аст дар ҷиҳати истифода аз ин мавқеият бошад.
Кишварҳои арабӣ ба хубӣ медонанд, ки Эрон чӣ тавоноиҳое дорад ба вежа агар Иёлоти Муттаҳида моил ё қодир ба маҳори он набошад. Дар сурате, ки ҷаҳони араб вобастагии худ ба Омрикоро канор бигузорад ва ба ҷойи он ҳокимияти Эронро бипазирад, Теҳрон ангезаи беҳтаре барои беҳбуди равобит бо кишварҳои минтақа хоҳад дошт.
Аз он ҷойе, ки ба назар мерасад омрикоиҳо камтар ба Ховари Миёна алоқаманд ҳастанд, Русия дар Укройн гирифтор шудааст ва Чин ҳамчунон фоқиди қудрати низомӣ барои тасоҳуби қудрати минтақаӣ аст, Эрон бо чеҳрае меҳрубонтар акнун кишварҳои арабии нигаронро ба сӯйи худ фаро мехонад. Ба ҳамин далел аст, ки рӯйкарди тозаи Эрон албатта то ҳадде маҳдуд то ин андоза муассир будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад тадовуми иқдомоти таҳоҷумии Эрон алайҳи Омрико ва Исроил мукаммили истротежии арабии он кишвар аст. Эрон эҳтимолан бовар дорад, ки идомаи ҳамалот ба манофеъи Вошингтун дар минтақа, суръати хуруҷи Омрико аз минтақаро ташдид хоҳад кард.
Дар мавриди Исроил, гарм шудани даргирӣ дар он ҷо ба Эрон кӯмак мекунад, то кишварҳои арабиро бо дуроҳии шадидтаре мувоҷеҳ кунад: шумо ё метавонед ба мо бпайвандед ва сулҳу тиҷорат дошта бошед ё ба Исроил бипайвандед ва ҷанг дошта бошед. Ба хусус бо вуҷуди як давлати рости ифротии Исроил, ки мусаммам аст алайҳи фаластиниҳо ба шевае манфур ҳатто барои хастатарини аъроб амал кунад фосила гирифтан аз Исроил барои бисёре аз режимҳои арабӣ имтиёзи хосси худро дорад.
Бинобар ин, рӯйкарди дугонаи мулоимат бо кишварҳои арабӣ ва дар айни ҳол ташдиди ҳамалот ба Иёлоти Муттаҳида ва Исроил эҳтимолан ба маънои эҷоди шикоф байни кишварҳои арабӣ ва душманони аслии Эрон аст. Он чи Эрон беш аз ҳама аз он метарсад, оштӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони арабаш ва наздик шудани бештар байни онон ва Исроил аст.
Дар воқеъ, ин рӯйкарди роҳбурдии ҷадид нишон медиҳад, ки Эрон саранҷом дарёфта, ки истифодааш аз чумоқ душманони он кишварро ба сӯйи якдигар савқ медиҳад ва аз ин рӯ дар рӯйкарди ҷадид ба дунболи эҷоди шикоф ва тафриқа дар миёни онон аст. То ба имрӯз ангезаи аслии “тавофуқи Авраам (Иброҳим) ва дигар равобити наздик байни кишварҳои арабӣ ва Исроил тамоюли онон ба муттаҳид шудан ба далели тарси муштарак аз Эрон ва муттаҳидон ва ёрони он кишвар будааст.
Дар инҷо низ давлати Бойден ҳақ дорад, ки тасаввур кунад оштӣ байни Арабистони Саудӣ ва Исроил барои муқобила бо Эрон ва барои манофеъи Омрико муфид хоҳад буд. Гирди ҳам овардани қудратмандтарин артиши минтақаӣ ва қудратмандтарин иқтисоди арабӣ монеъе дар баробари Теҳрон хоҳад буд. Ба ҳамин далел аст, ки эрониҳо сахт талош мекунанд, то бо саудиҳо ва дигар кишварҳои арабӣ созгор шаванд ва он кишварҳоро аз Исроил ва Омрико дур нигаҳ доранд.
Ба назар мерасад Эрон тарфанди ҷадидеро ёд гирифтааст. Бояд дид оё Иёлоти Муттаҳида низ метавонад тарфанди тозаеро ба кор гирад ё хайр?
Манбаъ: Foreign Policy
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд ҳикмат аз Абӯалӣ ибни Сино
Кадом чиз Ибни Синоро Ибни Сино кард?

Матолиби пурбоздид