Оё ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина ихтиёрӣ аст?
Ёддошти Абдуманнон Шералиев
Нафарони зиёд ба ҷанги Укроин ихтиёрӣ мераванд. На танҳо ихтиёрӣ, ҳатто навбат меистанд ва барои рафтан ришва медиҳанд. Манобеъ мегӯянд, қаблан ҳар касе муроҷиат кард, мебурданд, аммо ҳоло нафарони солиму бардамро интихоб мекунанд.
Чунин нест, ки ҳама ҷанграфтаҳо кушта ва ё маъюб мешаванд. Нафарони зиёде ҳастанд, ки воқеъан рафтаву саломат баргаштаанд ва пул ҳам кор кардаанд.
Барои мисол: як сокини Ваҳдат аз зиндон озод мешавад ва бо Вазорати дифоъи Русия шартнома мебандад. Вақте дӯстонаш мегӯянд зану фарзандонат 5 сол интизор буданд, чаро наздашон намеравӣ, мегӯяд чӣ хел дасти холӣ равам? Меравад ҷанг, шартномааш тамом мешавад, солим (ба истиснои чанд ҷароҳати сабук) бармегардад. Назди зану фарзандонаш меравад, мошин ҳам мехарад, тӯю маърака ҳам мекунад. Шаш моҳ пас пулаш тамом мешавад. Дигар, ки “роҳи бедардимиёни пулкоркуни”-ро пайдо карда буд, дубора ба Русия баргашта ҳудуди се моҳ пеш ба ҷанг меравад. Даҳ рӯз пеш кушта шудааст…
Онҳое ҳам ҳастанд, ки чанд сол шуд, ҳатто бархе аз замони шурӯи ҷанг меҷанганд. Онҳое, ки чунинҳоро дидаанд, фикр мекунанд ҳама содаву осон аст. Аммо дар муқобил чанд ҳазор хонаводаву волидон бадбахт, чанд ҳазор зан бева, ҳазорон кӯдак ятим шудаанд.
Дар муқобили онҳое, ки пул ба даст овардаанд, ҳазорон нафар ҳастанд, ки пуле ҳам нагирифтаанд ва куллан “кидат” шудаанд. Нафарони зиёдеро қумондонҳояшон ба хотири пулҳояшон ба гуфти худашон “обнулит” кардаанд.
Ба назар мерасад аксари ҷанграфтаҳо ихтиёрӣ рафтаанд. Ихтиёрӣ ба ин манзур нест, ки дилаш хостааст ҷанг равад ва хеставу рафтааст. Аксари онҳо худро ноилоҷ медонанд – қарздоранд, беморе доранд, ки муолиҷааш пули калон талаб мекунад, мисли навиштаи дирӯзи як модар, ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанду пайваста таҳти фишор қарор доранд ва ғайра.
Аммо ин сабабу баҳона шуда наметавонад, ки ҷомеа ба ин мусибат чашм пӯшад ва бигӯяд нафар болиғ, боақл ва соҳибихтиёр асту худаш роҳашро интихоб кардааст. Вақте одам зери фишори зиёди равонӣ қарор мегирад, дар аксар ҳолат тасмими нодуруст мегирад. Ва вазифаи наздиконашу фаҳмидаҳову умуман ҷомеа аст, ки ба онҳо кӯмак кунанд интихобашон дуруст бошад.
Дирӯз аз ҳуши маснуъӣ хостам ҳисоб кунад имкони кушта шудан барои сарбози артиши Русия чанд дарсад аст. Ҳисоб кард – ҳудуди сӣ фоиз! Яъне ҳар нафари савум кушта мешавад. Имкони маҷрӯҳ шудан боз бештар: на кам аз 50%. Яъне аз ҳар 10 нафари ба ҷанграфта 3 нафараш кушта мешавад ва 5 нафараш маҷрӯҳ. Ва тамоми умр бояд он ҷароҳат ва авоқибашро ҳамл кунад.
Ҳар касе фикр кардаст дар сурати маҷрӯҳ шудан ҳам то охири умр ба ҳайси “иштирокчии ҷанг” ва қаҳрамон имтиёзу нафақа хоҳад дошт, кӯр хондааст! Хиёнати русҳо ба бегонагон намодест ҷовидона, аммо на танҳо русҳо, аз аввали таърих то имрӯз империяҳо миллатҳои кӯчаку бечораро дар ҷангҳояшон истифода кардаанд, аммо ин ки баъдан аз онҳо қадрдонӣ карда бошанд, тақрибан намунае вуҷуд надорад! Ин як афсонаи бофати импротуриҳо барои фиреби мардумони бесарпаноҳ аст!
Ҳамон гуна, ки ҳоло бо кӯчактарин баҳонае шаҳрвандии нафарони зиёдеро бекор мекунанд, метавонанд имтиёзҳои ҷанговаронро низ бекор кунанд ва ҳатман мекунанд ҳам.
***
Хонандагони азиз, шумо низ метавонед дар кори огоҳонидани ҳамватанон аз хатарот, пешгирӣ аз бурда шуданашон ба ҷанг ва ғайра кӯмак кунед. Мо дар бораи кушташудагон, гумшудагон, бо фиреб бурдашудагон ва ғайра маълумот ҷамъоварӣ дорем.
Ҳамчунин саргузашти талхи ширкаткунандагони ин ҷанги бемаъниро ҳам ба навиштан шурӯъ кардем.
Кӯмаки шумо ирсоли маълумот аст ва бознашри ин навиштаҳо аст. Шумо шояд ду дақиқа вақт сарф кунед, аммо ҳамин ду дақиқаатон метавонад ҳаётеро наҷот диҳад, гумшудаеро пайдо созад, модареро ба дидори фарзандаш бирасонад, ҷанозаи кушташудае дар морг пайдо шавад ва ғайра. Лутфан дар тақдири ҳамватани худ бепарво мабошед.
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Абдуманнон Шералиев
Қаламонлайн













