Оғози даври ҷадиди хушунати исроилиҳо алайҳи мардуми Фаластин

Таҳлили хабарӣ

Оғози даври ҷадиди хушунати исроилиҳо алайҳи мардуми Фаластин

Таҳлил

Имрузҳо расонаҳо аз оғози даври ҷадиди хушунати исроилиҳо алайҳи фаластиниҳо гузориш медиҳанд.

Даври ҷадиди хушунати саҳюнистҳо алайҳи фаластиниҳо ба ҳамроҳи нажодпарастии вазири амнияти дохилии ин режим, сабаби ҳушдори гурӯҳҳои муқовимат ва эҳтимоли шаклгирии ҷанги ҷадиде шудааст.

Исроилиҳо дар як моҳи ахир, хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш додаанд.

Ин режим дар моҳи май, ҷанги 5-рӯзаеро бар Навори Ғазза таҳмил кард. Дар рӯзи некбат (14-май) ва Рӯзи парчам (18-май) низ хушунати зиёде алайҳи фаластиниҳо эъмол кард. Ин хушунатҳо ҳануз ҳам идома дорад.

Низомиёни саҳюнист бомдоди рӯзи душанбе, бо юриш ба як урдугоҳ дар шарқи Ноблус, воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ, се ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонда ва шаш тани дигарро маҷрӯҳ карданд.

Инчунин субҳи рӯзи якшанбе, низ даҳҳо шаҳракнишини исроилӣ ба саркардагии Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии Исроил, таҳти ҳимояти шадиди полис ба Масҷидулақсо юриш бурданд.

Илова бар ин иқдомот, кабинаи режими саҳюнистӣ, 22-май, нишасти вижаеро майдони Албароқ дар маҳаллаи қадимии Қудси ишғолӣ баргузор кард, то тарҳи ҷадидеро дар ҷараёни ин ҷаласа тасвиб кунад.

Рӯзномаи саҳюнистии «Исроилҳом» эълом кард, тибқи ин тарҳ, Тел-Авив 95 миллион шакил (муодили 26 миллион доллар)-ро барои ҷазб ва искони шаҳракнишинони ҷавон дар Қудси ишғолӣ ихтисос хоҳад дод. Дар ин тарҳ, ки бо ҳамкории шаҳрдории Қудс ва бо ҳимояти созмонҳои саҳюнистӣ танзим шудааст, режими саҳюнистӣ шаҳракнишинони муттааҳҳил ва муҷарради 18 то 35 соларо тарғиб хоҳад кард, ки дар Қудс сокин шаванд.

Ин рафтори хашини исроилиҳо алайҳи фаластиниҳо беш аз ҳама ношӣ аз ду фактор аст.

Фактори нахуст, нажодпараст ва ифротӣ будани кабинаи кунунӣ ба раёсати Бинёмин Нотонёҳу аст. Афроде назири Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилӣ ошкоро дидгоҳе зиддифаластинӣ ва зидди аъроб доранд ва бар ин бовар ҳастанд, ки фаластиниҳоро бояд аз Қудс ва Каронаи Бохтарӣ ихроҷ кунанд. Кабинаи Нотонёҳу низ бетаваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои фаластиниҳо ва бархе мақомоту шахсиятҳои саҳюнист, дар садади иҷроӣ кардани дидгоҳи Итамар Бен-Гвир алайҳи фаластиниҳо аст.

Фактори дуввум низ марбут ба инфиоли ҷомеаи араб аст. Воқеият ин аст, ки аз кишварҳои ғарбӣ интизор намеравад, дар муқобили ҷинояти режими саҳюнистӣ иқдоме анҷом диҳанд, чаро ки ин кишварҳо ҳомии режим ҳастанд, аммо ҳадди ақал, ҳувияти арабии Фаластин эҷоб мекунад, ки кишварҳои арабӣ иқдоме барои ҳимоят аз Фаластин анҷом диҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои арабӣ ҳеҷ иқдоми амалӣ дар баробари ҷиноятҳои исроилиҳо алайҳи фаластиниҳо анҷом намедиҳанд ва ба нишастҳо ва баёнияҳои намоишӣ ва бидуни замонати иҷроӣ иктифо кардаанд.

Ҳамин мавзеъгирӣ низ сабаби ҷасорату ҷуръати бештари исроилиҳои саҳюнист барои тадовум бахшидан ва шиддат додан ба ҷиноят алайҳи фаластиниҳо шудааст.

Дар ҳамин росто, Муҳаммад Абумуҷоҳид, сухангӯи кумитаҳои муқовимати Фаластин бо интиқод аз мавзеи кишварҳои арабӣ гуфт: «Шоҳиди сукути маргборе аз сӯи кишварҳои арабӣ дар қиболи ҷиноятҳое, ки дар ҳаққи Қудс ва Масҷидулақсо мешавад, ҳастем».

Бо вуҷуди ин, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ ба режими саҳюнистӣ дар бораи табаоти тадовуми хушунат ҳушдор додаанд.

Ҳамос таъкид кардааст, бо таваҷҷӯҳ ба идомаи хушунати режими саҳюнистӣ ва ҳушдори гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ, дур аз интизор нест, ки бори дигар ҷанге ҷадид миёни саҳюнистҳо ва фаластиниҳо рух диҳад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Осорхонаи торихии Донишгоҳи омӯзгорӣ таъсис мешавад
Оё Мирзиёев аз мақоми президентӣ даст мекашад?

Матолиби пурбоздид