Оғози форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest – 2025” дар Тоҷикистон
Ахбори минтақа
Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025», 14 октябр, дар Душанбе оғоз ёфт. Дар он зиёда аз 1000 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ, дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ аз даҳҳо кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Ин форум то 16 октябр идома ёфта, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва саноатсозии босуръат мебошад.
Ҳамзамон, форум бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши иқтисоди рақамӣ, мубодилаи таҷриба дар равандҳои муосири сармоягузорӣ ва пайдо намудани шарикони дарозмуддат баргузор мегардад.
qalamonline.net
Қаламонлайн