Оғози ҳамкориҳои ҳастаии Тоҷикистон ва Амрико

Оғози ҳамкориҳои ҳастаии Тоҷикистон ва Амрико

Ахбори минтақа

Бар асоси гузоришҳои расида, давлати Тоҷикистон муҷаввизи содироти 10 капсули оксиди уран ба Иёлоти Муттаҳида, барои таҷзия ва таҳлил тавассути Вазорати энержии ин кишварро содир кард.

Дар ин гузориш омадааст, ин дастури давлат, ки дар вебсайти Бонки марказии иттилооти ҳуқуқии Вазорати додгустарии кишвар мунташир шудааст, дар 31 октябри соли ҷорӣ, имзо шудааст.

Дар ин санад омадааст, дастури хуруҷи намунаҳои маводди ҳастаӣ – 10 (даҳ) қитъа капсули оксиди уран, бо вазни куллии 47  грамм аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури таҷзия ва таҳлили он дар Идораи амнияти миллии ҳастаии Вазорати энержии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, содир мешавад.

Бар асоси ин санад, контрол ва иҷрои ин барнома, бар ӯҳдаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, Хадамоти гумрук, Ожонси эминии шимиёӣ, биологӣ ва ҳастаии Академияи улуми Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.

Бархе коршиносон аз ин иқдом ба унвони оғози ҳамкориҳои ҳастаии Тоҷикистон ва Амрико ном бурдаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Риштаҳои нозук бар пои фил
Номи забони мо дар куҳантарин манобеи торихӣ

Матолиби пурбоздид