Падару модар – биҳишту дӯзахи фарзанд
Биҳишту дӯзахи фарзанд ба чӣ чизе бастагӣ дорад?
Ибни Моҷа аз Абӯумома ривоят кардааст:
Марде аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) пурсид:
يَا رَسُولَ اللَّهِ مَا حَقُّ الْوَالِدَيْنِ عَلَى وَلَدِهِمَا
“Эй Расули Худо! Ҳаққи падару модар бар фарзанд кадом аст?
Ҳазраташ (с) фармуд:
هُمَا جَنَّتُكَ وَنَارُكَ
“Он ду (падару модар) биҳишту дӯзахи ту ҳастанд.”
(Сунани Ибни Моҷа, 11/53)
Ба ин маъно, ки агар биҳишт бихоҳӣ, роҳаш ин аст, ки он дуро хидмат ва икромашон кунӣ. Ва агар Худой нокарда нофармониашон кардӣ ва аз хидмат ба падару модар худдорӣ намудӣ, пас бидон, ки дӯзах ҷойгоҳи туст.
Қаламонлайн