Пайдо мешавам…
Адабиёт
Тӯтинисо
Ман зери ин гардуни дун бингар, ки пайдо мешавам,
Чун Қалъаи Муғи куҳан баргашта эҳё мешавам.
Имрӯз нашносӣ маро, фардо маро хоҳӣ шинохт,
Аз дуриҳо чун ахтаре баҳрат ҳувайдо мешавам.
Бар сад табибе гуфтаӣ, дарди дили худ беибо,
Бемори дил огоҳ бош, доруи дилҳо мешавам.
Имрӯз гарчӣ маҳфиле шеъри маро менашнавад.
Фардо ба пеши аҳли дил ман маҳфилоро мешавам.
Аз хок рустам хокиям, рӯзе равам бар қалби хок,
Бо некномӣ зиста пайки мубарро мешавам.
Гар давлате будӣ маро, бахшидаме бар бенаво,
Ҳар гаҳ аз ин дарду алам оҳе саропо мешавам.
Бо дарди дунё зистаӣ, умре ту, эй Тутинисо,
Умри дигар дар хонаи қалби ту маъво мешавам.
Тӯтинисо
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн