Мехостам дунёро тағйир бидиҳам…

Мехостам дунёро тағйир бидиҳам…

Ҳар ҷо, ки панду андарзу насиҳат матраҳ аст, талошҳо ғолибан барои эҷоди тағйир дар дигарон анҷом мешавад.

Ҳама мехоҳанд, дигарон тағйир кунанд.

Шавҳар барои тағйири фикру амали ҳамсараш талош мекунад ва зан низ барои мутаҳаввил сохтани шавҳари худ талош мекунад ва ин ду барои тарбият ва тазкияи фарзандон…

Ғофил аз он ки беҳтарин роҳи эҷоди тағйир дар дигарон, эҷоди тағйир ва таҳаввул дар афкор ва рафтори худ мебошад.

Яъне бояд аз худ шурӯъ кард.

Чӣ хуб васияте буда васияти ин кашиш!

Бар санги қабри кашише дар калисои Вестминтстер (Westminster) дар Англис навишта шудааст:

“Кӯдак, ки будам мехостам дунёро тағйир бидиҳам.

Каме бузургтар, ки шудам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки дунё хеле бузург аст, ман бояд аввал Англисро тағйир бидиҳам.

Баъдҳо, Англисро ҳам бузург дидам ва тасмим гирифтам шаҳри худамро тағйир бидиҳам.

Дар солхӯрдагӣ ба ин натиҷа расидам, ки хонаводаи худамро тағйир бидиҳам.

Акнун, ки дар остонаи марг ҳастам, дарёфтам, ки агар аз рӯзи аввал худамро тағйир дода будам, шояд метавонистам дунёро тағйир бидиҳам».

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меъморони бахт
Лаззат ва ширинии зиндагӣ

Матолиби пурбоздид