Парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад

Муҳоҷират

Парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад

Муҳоҷират

Ба гузориши Спутник, ширкатҳои ҳавопаймоӣ теъдоди парвозҳо миёни пойтахти Тоҷикистон ва Самараро афзоиш додаанд.

Дар баҳори соли 2023 аз шаҳри Самараи Русия ба шаҳри Душанбе, теъдоди масири ҳавоӣ афзоиш ёфт.

Тибқи нишонаи таблиғи онлайни парвозҳо, аз 31 март боз як масири мустақим аз шаҳри Самара ба Душанбе изофа мешавад.

Парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Nordwind” ҳар ҳафта, рӯзи ҷумъа анҷом мешавад.

Парвоз аз шаҳри Самара соати 06:45, аз Душанбе соати 12:30 дар назар аст ва тӯли парвоз, 3 соату 20 дақиқа хоҳад буд.

Илова бар ин, аз 30 март дар як ҳафта чаҳор маротиба: рӯзҳои шанбе, якшанбе, сешанбе ва панҷшанбе ҳавопаймоҳои ширкати дигари русии “Хутути ҳавоии Урал” аз шаҳри Самара ба Душанбе парвоз мекунанд.

Ҳамчунин, аз 2 апрел дар ҷадвали байни шаҳрҳо парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон изофа хоҳанд шуд.

Ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои шанбе ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвоз анҷом хоҳад дод.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест…
Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст…

Матолиби пурбоздид