Парвозҳои Тоҷикистон-Эрон; чаҳор парвоз дар ҳафта

Парвозҳои Тоҷикистон-Эрон; чаҳор парвоз дар ҳафта

Ахбори байналмилал

Дар хабарҳо омадааст, ки бо парвози ширкати «Вориш», аз 8-уми июни соли 2023 оғлз мегардад, парвозҳои мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон ба чаҳорпарвоз дар ҳафта афзоиш меёбад.

Дар ин бора, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон эълом кард, чаҳорумин парвози мустақим миёни ду кишвар аз рӯзи панҷшанбе, 8-июни 2023 барқарор хоҳад шуд.

Муҳамадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе эълом кард, чаҳорумин рӯзи парвозӣ барои анҷоми сафарҳои мустақим миёни ду кишвар, аз рӯзи панҷшанбеи 8-июни 2023 барқарор хоҳад шуд.

Бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии «Вориш», ин парвоз аз таърихи 8-июни 2023 дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта ва дар соати 7 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12:30 ҳамон рӯз хоҳад буд.

Шоёни зикр аст, бо пайгириҳои анҷомшуда аз соли 2019 се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии «Вориш» ва «Сомон –Эйр» дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа, ҳар ҳафта дар масири Теҳрон – Душанбе – Теҳрон ва дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадиди ин парвоз дар рӯзҳои сешанбе ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.

Собирӣ афзуд: «Шоёни зикр аст, қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони азизи Эрону Тоҷикистон ногузир буданд аз масири ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши ҳазинаи сафар, муҷиби тӯлонӣ шудани замони сафар низ мешавад. Бо иноят ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эрониву тоҷикистонӣ, умедворем бо ёрии Худованд теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад».

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ахбори зидду нақиз дар бораи Бахмут
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкорони Чин

Матолиби пурбоздид