Паёмбари Акрам(с) дар баёни доктор Алии Шариатӣ

Таърих

Паёмбари Акрам(с) дар баёни доктор Алии Шариатӣ

Ба ростӣ метавон гуфт, ки Муҳаммадро… “бояд аз нав дид”, “аз нав шинохт”.

Ӯро бо нигоҳе, ки ашё ва ашхосро менигарем, набояд нигарист.

Бояд аз равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърих, нигоҳе тоза сохт ва бар симои Муҳаммад (с) афканд.

Ӯро бояд дар саффи шахсиятҳои азими таърих… ҳакимону анбиё дид, дар ҷамъи паёмбарони бузург рақ (баланд) нишонд ва тамошояш кард.

Дар ин ҳангом аст, ки тасвири ӯ дар чашми мо чунон шигифту тавсифнопазир менумояд, ки гӯӣ ҳаргиз ӯро надидаем ва ҳаргиз чунин тасвиреро аз марде дар ҷаҳон намешинохтаем.

Барои шинохти дақиқ ва тасвири куллӣ ва тамоми ҳар мазҳабе (дине), шинохтани Худои он, китоби он ва пайғамбари он зарурӣ аст. Ва ин равиш, соддатарин, мумкинтарин ва дар айни ҳол илмитарин ва мутмаинтарин равиши шинохти як мазҳаб (дин) аст.

Муҳаммад таркибе аз Мӯсо ва Исост.

Гоҳ ӯро дар саҳнаҳои маргбори ҷанг мебинем, ки аз шамшераш хун мечакад ва пешопеши ёронаш, ки барои куштан ё кушта шудан беқарорӣ мекунанд, метозад.

Ва гоҳ вайро мебинем, ки вақте ҳар рӯз дар раҳгузараш марде яҳудӣ аз боми хонааш хокистар бар сараш мерезад ва ӯ нармтар аз Масеҳ, ҳамчун Боязид, рӯй дарҳам намекашад. Ва як рӯз, ки аз канори хонаи вай мегузарад ва аз хокистари мард хабаре намешавад, мепурсад: рафиқи мо имрӯз суроғи мо наомад? Ва чун мешунавад, ки бемор шудааст, ба иёдаташ меравад.

Дар авҷи қудрат дар он лаҳза, ки сипоҳиёнаш Маккаро — шаҳре, ки 20 сол ӯ ва ёронашро шиканҷа дода ва овора кардааст — ишғол кардаанд, бар маснади қудрат аммо дар симои меҳрубони Масеҳ, канори Каъба меистад ва дар ҳоле, ки 10 ҳазор шамшер ташнаи интиқом аз Қурайш, дар атрофаш барқ мезананд ва… мепурсад:

“Эй Қурайш! Фикр мекунед бо шумо чӣ хоҳам кард?”

Қурайш, ки симои Масеҳро дар ин Мӯсое, ки акнун сарнавишташонро дар дами шамшери хеш дорад, хуб мешиносанд ва ба чашм мебинанд, посух медиҳанд, ки:

“Ту бародари бузургвор ва бародарзодае бузургворӣ!”

Ва он гоҳ бо оҳанге, ки аз гузашт ва меҳрубонӣ гарм шудааст, мегӯяд:

“Биравед, ҳамагӣ озодед!” …

Пайғамбар, ки таърих он ҳама аз иродаву тасмиму қудраташ сухан мегӯяд ва хусравону қайсарону қудратмандони ҳоким бар ҷаҳон он ҳама аз шамшераш меҳаросанд ва душман аз шиддати ғазабаш меларзад, дар айни ҳол, мардест сахт отифӣ, бо диле, ки аз камтарин мавҷи муҳаббате метапад ва руҳе, ки аз навозиши нарми дасти садоқате, самимияте ва лутфе ба ҳаяҷон меояд, дар хона ва хонавода низ чунин аст.

Дар берун, марди разму сиёсату фармондеҳиву қудрату убуҳҳат аст ва дар хона, падаре меҳрубон, шавҳаре нармхӯй ва содда ва самимӣ…

Вай ҳаргиз намекӯшид, то худро мармузу ғайриоддӣ ва мавҷуде аҷибу ғариб дар чашмҳо бинумоёнад, балки баръакс ҳатто ба моддӣ будан тазоҳур мекард, на танҳо аз забони Қуръон мегӯяд, ки: “Ман башаре ҳастам ба монанди шумо ва фақат ба ман ваҳй мешавад…” (Каҳф/110), ки ҳамвора эътироф мекунад ҷуз он чи ба ман гуфта мешавад, аз чизе хабар надорам. Ва дар рафтор ва зиндагӣ ва гуфтугӯяш ҳама ҷо мекӯшид, то дар чашмҳо шигифтовар ва фавқулъода ҷилва накунад ва саъй мекард, то убуҳҳату ҷалолеро, ки дар дилҳо дорад, бишканад.

Мегӯянд, рӯзе пиразане назди вай меояд, то аз ӯ чизе бипурсад. Он ҳама хабарҳо ва азаматҳо, ки аз ӯ шунида буд, чунон дар ӯ асар мекунад, ки то худро дар ҳузури вай меёбад, меларзад ва забонаш мегирад. Пайғамбар эҳсос мекунад, шахсият ва шукӯҳи ӯ вайро гирифтааст. Содда ва мутавозеъ пеш меояд, ба меҳр даст бар шонаҳояш мегузорад ва бо лаҳне, ки аз хузӯъ нарму самимӣ шудааст, мегӯяд?

“Модар чӣ хабар аст? Ман писари он зани қурайшиям, ки гӯсфанд медӯшид.”

Манбаъ: сойти Aftabir ба нақл аз китоби “Фотима Фотима аст” ва “Симои Муҳаммад (с)”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна сарватманд шавем?
Тумос Фридман: “Телавив бо хатари мавҷудиятӣ рӯ ба рӯст”

Матолиби пурбоздид