Паёмбарон ва нақши торихии онон – 2

Таърих

Паёмбарон ва нақши торихии онон – 2

Бахши дуввум

Назарияҳои мухталиф дар ин бора

Оё паёмбарон нақши мусбат ё манфие дар ҳаракати таърих доштаанд, ё ба куллӣ фоқиди нақш будаанд?

Агар нақше доштаанд, чӣ нақше будааст? Мусбат буда ё манфӣ?

Мавориди таъсири таълимоти паёмбарон дар такомули таърихӣ:

  1. Таълиму тарбият

Таълиму тарбият дар гузашта ангезаи динӣ доштааст. Ангезаи динӣ дар гузашта ёру ёвари муаллимон ва падарону модарон будааст. Ин маврид аз мавридҳоест, ки такомули шуъури иҷтимоӣ, ниёз ба ангезаи диниро бартараф кардааст.

  1. Устувор сохтани паймонҳо

Зиндагии иҷтимоии башар бар асоси мўҳтарам шумурдани паймонҳо ва қарордодҳо ва вафои ба аҳдҳост. Эҳтиром ба аҳду паймон яке аз аркони ҷанбаи инсонии тамаддуни башарист. Ин нақшро ҳамвора дин бар ўҳда доштааст ва ҳанўз ҳам ҷонишине пайдо накардааст. Вил Дуронт бо он ки як унсури зидди дин аст, дар китоби “Дарсҳои таърих” ба ин ҳақиқат эътироф мекунад ва мегўяд:

“Дин… ба мадади таълимоти худ паймонҳои башариро ба сурати равобит бо маҳобати инсон ва Худо даровард ва аз ин роҳ мустаҳкамӣ ва сабот ба вуҷуд овардааст”.(1)

Дин ба таври куллӣ пуштвонаи муҳками арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ будааст.

  1. Озодӣ аз асоратҳои иҷтимоӣ

Нақши паёмбарон дар мубориза бо истибдодҳо ва даргирӣ бо мазоҳири туғён, аз асоситарин нақшҳост. Қуръони карим бар ин нақши паёмбарон таъкиди фаровон дорад. Аввалан бапо доштани адлро ба унвони ҳадафи паёмбарӣ ва рисолат зикр мекунад. Сониян дар достонҳои худ даргириҳои паёмбаронро бо мазоҳири истибдод ба такрор ёдоварӣ мекунад ва дар бархе оятҳои худ тасреҳ мекунад, ки табақае, ки бо паёмбарон ҳамвора дар ситез будаанд, ин табақа будаанд.

Сухани Маркс ва пайравонаш, ки дину давлату сарват се чеҳраи мухталиф аз табақаи ҳоким ва бар зидди табақаи маҳруму мазлум будаанд, беҳудагўие беш нест ва бар зидди ҳақиқатҳои таърихист. Дуктур Аронӣ – яке аз идеологҳои марксизм дар Эрон – дар тавҷеҳи назарияи Маркс мегўяд:

“Дин ҳамвора олати дасти табақаи тавоно ва ҳайъати ҳокимаи ҷомеа аст ва барои мағлуб кардани табақаи зердаст ҳамвора тасбеҳу салиб бо сари найза дар як саф ҳаракат менамоянд”.(2)

Барои қабули ин гуна тавҷеҳот аз таърих ва ин гуна фалсафаи таърихҳо танҳо як роҳ вуҷуд дорад: чашмҳоро баста ва воқеъиятҳои таърихиро нодида гирифтан.

Ҳазрати Алӣ(а) қаҳрамони теғу тасбеҳ аст. Ҳам марди теғ аст ва марди тасбеҳ, аммо барои мағлуб кардани кадом табақа? Табақаи зердаст ва маҳрум ё табақаи забардаст ва ҳоким? Шиори Алӣ(а) чист? Шиори Алӣ(а) “Ҳамвора душмани ситамгар ва ёвари ситамдида бошед”(3) аст. Алӣ(а) дар тамоми умр дўсти теғу тасбеҳ буд ва душмани тилло. Теғи ў бар зидди соҳибони зару зўр ба кор рафт. Ба қавли дуктур Алӣ Ал-Вердӣ дар китоби “Маҳзалатул ақл ал-башарӣ” Алӣ(а) бо шахсияти худ фалсафаи Марксро нақз кардааст.

Аз ин сухани пучтар сухани Ниче аст – дуруст дар ҷиҳати акси назарияи Маркс – ки чун ягона табақаи пешрав ва такомулбахши иҷтимоъ зўрдоронанд ва дин ба ҳимояти заифон бархостааст, омили таваққуф ва инҳитот будааст. Гўё ҷомеаи башарӣ он гоҳ дар масири такомул бо шитоб ҳаракат мекунад, ки қонуни ҷангал бар он ҳукмфармо гардад. Аз назари Маркс омили такомул табақаи маҳрум ҳастанд ва паёмбарон бар зидди ин табақа будаанд. Маркс мегўяд дин ихтирои зўрон ва сарватмандон аст ва Ниче мегўяд дин ихтирои заифон ва маҳрумон аст. Иштибоҳи Маркс яке дар ин аст ки таърихро танҳо бар асоси тазодди манфиатҳои табақотӣ тавҷеҳ карда ва ҷанбаи инсонии таърихро нодида гирифтааст ва дигар дар ин аст ки омили такомулро танҳову танҳо табақаи маҳрум донистааст. Севвум дар ин аст ки паёмбаронро дар ҷаноҳи табақаи ҳокима қарор додааст. Иштибоҳи Ниче дар ин аст ки омили зўрро омили такомули таърих донистааст, ба ин маъно, ки инсони бартарро баробар бо инсони қавитар донистааст ва инсони қавитарро ягона омили пешбарандаи таърих.

Пайнавиштҳо:

1 – Дарсҳои таърих, саҳ.55.

2 – Нақл аз китоби “Усули илми руҳ”, дуктур Аронй.

3 – Наҳҷулбалоға, номаи шумораи 47.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархости Арабистон аз Омрико: “Дар баробари Ҳусиҳои Яман хештандор бошед!”
Нигоҳе ба мафҳуми ирфон ва ориф

Матолиби пурбоздид