Паёми Абӯубайда ба ба ҳоҷиён
Ахбори Ҳаҷ
Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, дар паёме ба ҳуҷҷоҷ гуфт, ки муҷоҳидони Ғазза ба ниёбат аз уммати исломӣ бо душманони Худо мубориза мекунанд.
Ба гузориши Алмаёдин, Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, паёме хитоб ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳилҳаром мунташир кард.
Дар ибтидои ин паём, ба ояти 19 сураи Тавба ишора шуда, ки Худованд дар он мефармояд:
أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِنْدَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
“Оё рутбаи сиқоят ва об додан ба ҳоҷиён ва таъмири Масҷидулҳаромро бо (мақоми) он кас, ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, яксон мешуморед? Ҳаргиз онон назди Худо яксон нахоҳанд буд ва Худо золимонро ҳидоят нахоҳад кард.”
Дар бахши дигаре аз ин паём омадааст:
“Аз зоирони Байтуллоҳилҳаром мехоҳем, ки бо дуои холисонаи худ дар маносики ҳаҷ, аз бародарони худ дар Ғазза ва Фаластин ва мардуми сабур ва муҷоҳидони он дар ин айёми бузург ва муборак ёд кунанд.”
Абӯубайда афзуд:
“Вақте меҳмонони Худои Раҳмон маносики ҳаҷро ба ҷо меоваранд, мо аз тарафи уммати бузурги ислом бо душманони Худо ва ишғолгарони ғосиб ҷиҳод мекунем.”
Ӯ таъкид кард:
“Тӯфон ал-Ақсо” барои сиёнат аз севвумин ҳарами шариф (Байтулмуқаддас) анҷом шуд ва маносики ҳаҷ фурсате аст, то ҳақиқати муборизоти мо бо душмане, ки ба маҳалли уруҷи Расулаллоҳ таҷовуз карда ва рӯзона дар он даст ба фасод ва яҳудисозӣ мезанад, барои уммати ислом бозгӯ шавад.”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: