Паёми таслияти раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паи шаҳодати Муҳаммад Абдулкарим Ғуморӣ
Паёми таслияти сарлашкар Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон дар пайи шаҳодати раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Яман
Ахбори байналмилал
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон бо таслияти шаҳодати раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: “Миллати муқовими Яман, бо тақдими шуҳадо ва истодагӣ дар баробари зулм ва ишғоли саҳюнӣ, нишон додаанд, дар хатти муқаддами дифоъ аз уммати исломӣ ҳастанд.”
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, матни паёми сарлашкар Абдурраҳим Мӯсавӣ ба шарҳи зер аст:
“Шаҳодати мазлумона ва пурифтихори фармондеҳи ҷиҳодӣ, сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим Ғуморӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар пайи ҳамалоти ҷиноятбори режими аҳриманӣ ва нажодпарасти саҳюнистӣ, мӯҷиби андӯҳи амиқ дар ҷабҳаи муқовимат ва миллатҳои озода ва ҳақталаби минтақа гардид.
Ин фармондеҳи рашид ва муҷоҳиди настӯҳ, бо имон, ихлос ва шуҷоат, дар масири дифоъ аз иззат ва истиқлоли миллати Яман ва ҳимоят аз ормони муқаддаси Фаластин, нақшофаринии роҳбурдӣ ва муассире дошт. Эшон бо ҳидояти нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баробари таҷовузоти мустамирри режими саффок ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва эътилофи мутаҷовиз, истодагӣ ва фидокориҳои ҳамосӣ ва мондагоре дар таърихи Ямани қаҳрамон сабт кард ва бо иқдомоти амалӣ ва роҳбурдӣ, дар муҷозоти режими саҳюнистӣ ба воситаи ҷиноятофаринӣ дар Ғазза ва ҳамла ба кишвари Яман, саҳми таъйинкунанда ва илҳомбахш ифо намуд.
Миллати муқовими Яман, бо тақдими шуҳадои гаронқадр ва истодагӣ дар баробари зулм ва ишғоли саҳюнӣ аз ҷумла ин фармондеҳи шаҳид, нишон додаанд, ки дар хатти муқаддами дифоъ аз уммати исломӣ ва миллати мазлуми Фаластин дар авҷи шукӯҳ ва иқтидор қарор доранд ва хуни поки сарлашкар Ғуморӣ, санаде дигар бар ҳаққонияти ин масири нуронӣ ва таърихсоз аст.
Инҷониб зимни таслият ва ҳамдардӣ бо хонаводаи мукаррами он шаҳид, фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ва миллати муқовим ва мазлуми Яман, аз даргоҳи Худованди Мутаол барои он шаҳиди азиз, раҳмати восеаи илоҳӣ, улувви дараҷот ва ҳамнишинӣ бо шуҳадои воломақоми муқовимат масъалат менамоям.”
qalamonline.net
Қаламонлайн