Яҳё Синвор тавофуқи оташбаси бидуни замонатро намепазирад

Яҳё Синвор тавофуқи оташбаси бидуни замонатро намепазирад

Wall Street Journal: “Яҳё Синвор тавофуқи оташбаси бидуни замонати лозимро намепазирад”

Ахбори байалмилал

 Farsnews

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal ба нақл аз манобеи исроилӣ, ҳадафи аслии Яҳё Синвор, раҳбари Ҳамос дар Ғазза, озодии ҳазорон фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил дар муқобили асирони тарафи муқобил аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal

Раҳбари аршади Ҳамос дар навори Ғазза Яҳё Синвор тавофуқи оташбас бо Исроилро дар сурате, ки шомили масире мӯътабар барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза набошад, нахоҳад пазируфт.

Ба гуфтаи манобеи ин расона, ҳадафи аслии Синвор озодии ҳазорон фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил дар муқобили асирони дар дасти Ҳамос аст.

Тибқи ин гузориш, ӯ интизор дорад, ки ин тавофуқ ба ҷанг поён диҳад ва бақои Ҳамосро тазмин кунад ва ҳамчунин хостори тазминҳои байналмилалӣ барои оташбас аст.

Ин рӯзнома ба нақл аз миёнҷиҳо навишт, дар айни ҳол Ҳамос мӯътақид аст, ки гурӯҳи феълии кишварҳои зомин шомили Миср, Қатар ва Омрико кофӣ нест.

Ба гузориши Wall Street Journal, Синвор мӯътақид аст, ки ҳамин ҳоло ҳам дар ҷанг “бо кушодани чашми ҷаҳониён ба рӯйи ранҷи фаластиниҳо ва қарор додани даргирӣ дар хатти муқаддами умури ҷаҳонӣ пирӯз шудааст”.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Яман ба Исроил дар бораи ҳамла ба Рафаҳ
Фаластин: Аз ҳимоятҳои Ансоруллоҳ ва мардуми Яман қадрдонӣ мекунем

Матолиби пурбоздид