Паёми таҳдидомези мушовири Урдуғон ба Исроил

Паёми таҳдидомези мушовири Урдуғон ба Исроил

Ахбори байналмилал

Твитти як таҳлилгари саҳюнист дар таҳдид ба ҳамла ба Туркия барои терури раҳбарони Ҳамос, бо вокуниши тунди Уктой Сорол, мушовири Урдуғон мувоҷеҳ шуд.

Уктой Сорол, дар шабакаи иҷтимоии Х хитоб ба Меир Мисрӣ, таҳлилгари саҳюнист, ки гуфтааст: “Имрӯз Қатар, фардо Туркия, Исроил дар ҳоли мубориза бо теруризм аст”, навишт:

“Хитоб ба саги исроилӣ! Равшан аст, ки ту на Туркияро мешиносӣ ва на мардуми онро, аммо ин амр зиёд тӯл нахоҳад кашид. Ба зудӣ вақте, ки аз рӯи нақша маҳв шудед, ҷаҳон ба оромиш хоҳад расид”.

Мушовири Урдуғон афзуд: “Агар бипурсӣ, ки ин корро чӣ касе анҷом хоҳад дод? Посух ин аст, ҳамон кишваре, ки фикр мекунӣ фардо бад-он ҳамла хоҳӣ кард!”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Бояд бо фоҷеаофаринии режими хабис ва манфури саҳюнӣ дар Ғазза, муқобила шавад

Матолиби пурбоздид