Паёми шадиди Исломобод: Покистон метавонад «Толибон»-ро пурра нобуд созад

Паёми шадиди Исломобод: Покистон метавонад «Толибон»-ро пурра нобуд созад

Ахбори байналмилал

Исломобод, 1 ноябр. — Вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф изҳор дошт, ки кишвараш дар ҳолати зарурат қобилияти пурра нобуд сохтани ҳаракати «Толибон»-ро дар Афғонистон дорад.

Осиф дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст:

«Покистон ҳатто ниёз надорад тамоми захираҳои низомии худро истифода барад, то “Толибон”-ро шикаст дода, онҳоро маҷбур созад, ки дубора ба ғорҳо паноҳ баранд».

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки музокирот миёни намояндагони Покистон ва Толибон барои таъмини оташбас бенатиҷа анҷом ёфт. Ба гуфтаи мақомоти Исломобод, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар марзи Афғонистону Покистон ахиран як қатор ҳамлаҳои хунбор анҷом додаанд, ки сабаби афзоиши таниш миёни ду кишвар гардидааст.

Мақомоти афғон то ҳол ба ин изҳороти вазири дифои Покистон расман посух надодаанд. Бо ин вуҷуд, таҳлилгарони сиёсӣ ҳушдор медиҳанд, ки идомаи чунин баҳсҳо метавонад ба авҷи нави низоъ ва нооромии минтақаӣ расонад.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хушунатҳои хонаводагӣ дар Фаронса
Бозкушоии сафорати Деҳлӣ дар Кобул

Матолиби пурбоздид