Паёмҳои шашгонаи амалиёти “Ҳудҳуд”

Таҳлили хабарӣ

Паёмҳои шашгонаи амалиёти паҳподи “Ҳудҳуд” дар Исроил

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ҳамла ба тонки “Меркава”-и режими Исроил бо як паҳподи интиҳорӣ дар пойгоҳи низоми “Ҳадаб Бодин” аз сӯйи Ҳизбуллоҳ дар Ҷалил ва тахриби комили ин тонк ва шиллики даҳҳо мушаки дигар, ки боиси оташсӯзиҳои бештар дар сарзаминҳои ишғолӣ шуд, аз ҷумлаи ғофилгириҳои Ҳизбуллоҳ буд.

Ғофилгирии бузурги дирӯз аммо парвози тӯлонимуддати “Паҳподи Ҳудҳуд” дар ҳарими ҳавоии сарзаминҳои ишғолӣ бидуни расад тавассути родорҳои режими саҳюнистӣ ва интиқоли тасовир ва филмҳои дақиқ аз манотиқи низомӣ ва ҳассоси Исроил аз ҷумла фурудгоҳҳо ва анборҳои таслеҳот ва саккуҳои партоби мушак ва бандарҳои Ҳифо буд. Ин иттифоқ зарбаи ҳавлнок ва шиканандае барои муассисоти низомии режими саҳюнистӣ буда ва “Ҳудҳуди Ҳизбуллоҳ” номи худро дар таърихи таҳаввулоти низомӣ сабт кард.

Аҳаммият ва паёмҳои ирсоли ин амалиёти паҳподӣ бавежа дар шароити ҳассос кунунӣ, мавориди зер аст:

1) Ин амалиёт ҳамзамон бо ҳузури Омус Хохштейн, фиристодаи вежаи Омрико дар Бейрут анҷом шуд, вай қабл аз Бейрут ба Исроил сафар карда буд, то битавонад сатҳи чолиши рӯзафзун дар марзҳои Лубнон ва режими саҳюнистиро коҳиш диҳад. Ин сафар, ки ба сурати фавқулъода ва бо шитоб анҷом шуд, нишондиҳанда нигаронии рӯзафзӯни Омрико аз таҳаввулоти марзҳои сарзаминҳои ишғолӣ аст;

2) Ин амалиёт яке аз муҳимтарин ҳалқаҳои занҷири афзоиши каммӣ ва кайфии раванди таниш аз сӯйи Ҳизбуллоҳ ва ҷанги фарсоишии он алайҳи режими саҳюнистӣ аст. Гарчӣ Ҳизбуллоҳ вежагиҳои ин паҳподро эълом накарда, аммо мушаххас аст, ки ин паҳпод аз навъи пешрафта ва бисёр дақиқ аст;

3) Ин амалиёт нишон дод, наслкушӣ ва тахриб ва инҳидоми манозили фаластиниён дар Ғазза Ҳизбуллоҳи Лубнонро наметарсонад, балки натоиҷи комилан маъкусе ба дунбол дошта ва боиси афзоиши таниш шуда ва шиканандагии режими саҳюнистиро исбот мекунад, ба гунае, ки саркардагони ин режим дигар ҷуръати таҳдиди Лубнон ба тахриби Бейрут ё бозгардондани ин кишвар ба “асри ҳаҷар”-ро надоранд;

4) Таҳаввулоти низомии марбут ба амалиёти Ҳизбуллоҳ дар умқи шимоли сарзаминҳои ишғолӣ тайи ҳафтаҳои ахир нишон медиҳад, ки вокунишҳои Ҳизбуллоҳ нисбат ба амалиёти терури режими саҳюнистӣ алайҳи фармондеҳони майдонии ин ҳизб, ки тозатарини онҳо дар терури шаҳид Толиб Самӣ Абдуллоҳ, маъруф ба Абӯтолиб сурат гирифт, бо вокунишҳои бисёр густардатаре нисбат ба гузашта ҳамроҳ аст;

5) Ин амалиёти дақиқ ва амсоли он нишон медиҳад, ки фишорҳои Омрико, ки аз тариқи бархе ҷараёнҳои дохилии ҳамроҳи ин кишвар барои маҷбур кардани Ҳизбуллоҳ ба таваққуфи амалиёт ва ақибнишинӣ аз марзҳои Лубнон сурат мегирад, ҳеч таъсире надорад ва паҳподҳо ва мушакҳои дақиқи Ҳизбуллоҳ ҳатто аз манотиқи дурдасти марзҳои Лубнон низ метавонанд режими саҳюнистиро таҳдид кунанд ва Ҳизбуллоҳ таслими ин фишорҳо намешавад;

6) Агар шиллики 5 ҳазор мушак ва хумпора ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ тайи 8 моҳ, ин манотиқро ба тале аз оташ ва хокистар табдил карда ва шаҳрҳои Сафад ва Табариёро мавриди исобат қарор дода, дар ин сурат, агар Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мушакҳои дақиқи худ ба мизони 3 ҳазор мушак дар рӯз истифода кунад ва шаҳрҳои дигар назири Ҳифо, Ёфо, Акко, Димуно ва ғайраро ҳадаф қарор диҳад, чӣ иттифоқе хоҳад афтод?

Омилҳое, ки матраҳ шуд, шикасти қатъии сафари фавқулъодаи Хохштейн ба Бейрутро нишон медиҳад ва собит мекунад, ки ин таҳаррукот барои таваққуфи ҷанги фарсоишии Ҳизбуллоҳ ва наҷоти ишғолгарони саҳюнист корсоз нахоҳад буд ва наметавонад шикастҳои онҳоро коҳиш диҳад.

Дар бораи ваъдаҳои дурӯғини пешини Омрико барои Лубнон, умеворам, ки масъулони лубнонӣ ин бор ба ривоятҳо ва ваъдаҳои Омрико гӯш надиҳанд ва онро бовар накунанд. Омрикоиҳо пеш аз ин, ваъдаи воридоти гоз аз Миср ва барқ аз Урдунро дода буданд, аммо ҳеч як аз онҳо амалиётӣ нашудааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қуръон! Ман шармандаи туам
«ФИЛИ СИЁҲ» китоби тозаи Фирдавси Аъзам

Матолиби пурбоздид