Пентогун: Мо аз барқарории оташбас пуштибонӣ намекунем

Пентогун: Мо аз барқарории оташбас пуштибонӣ намекунем
Ахбори байналмилал
Qudspress
Пентогун: Мо аз барқарории оташбас пуштибонӣ намекунем
“Вагнер”-и Русия ба Ҳизбуллоҳ силоҳ медиҳад 
Ҳусиҳо метавонанд Исроилро бо мушак ҳадаф қарор диҳанд
Вазорати дифоъи Омрико гуфт, ки Ансоруллоҳи Яман тавоноии ҳамлаи мушакӣ ба сарзаминҳои ишғолиро дорад.
Ба гузориши Qudspress, бино бар эъломи Патрик Райдер, сухангӯи Вазорати дифоъи Омрико (Пентогун), ин кишвар аз барқарории оташбас пуштибонӣ намекунад, чаро ки ба бовари ӯ, «ба Ҳамос фурсат медиҳад, то саффи худро созмондиҳӣ кунад ва ҳамалоти ҷадидеро анҷом диҳад».
Райдер дар як конфронси матбуотӣ таъкид кард, ки Омрико аз таваққуфи муваққати даргириҳо миёни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза барои аҳдофи башардӯстона пуштибонӣ мекунад, то бо ин кор, имкони вуруди кӯмак ба ин навор ва хуруҷи «гаравгонҳо ва боздоштшудагон» фароҳам шавад.
Сухангӯи Пентогун дар робита бо ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва фаъолияти онҳо низ унвон кард: “Нерӯҳои вежаи омрикоии мустақар дар Исроил, дар бораи бозёбии гаравгонҳо мушовара медиҳанд ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд.”
Райдер ҳамчунин таъкид кард, ки Омрико ҳамчунон ба ирсоли кӯмакҳои амниятӣ барои режими саҳюнистӣ идома медиҳад, чаро ки чунин кӯмакҳое барои ин режим ҷиҳати он чи «дифоъ аз худ дар баробари ҳамалоти теруристӣ» хонд, ҳаётӣ аст.
Сухангӯи Пентогун дар идома муддаӣ шуд, ки ба гуфтугӯҳои худ бо мақомҳои режими саҳюнистӣ дар бораи аҳаммияти ҳифозат аз ғайри низомиён дар ҷараёни ҳамалоти ин режим ба навори Ғазза идома медиҳанд.
Райдер ҳамчунин эълом кард, ки дар ҷараёни гузоришҳое қарор гирифтанд мабнӣ бар ин ки гурӯҳи «Вагнер»-и Русия, дар ихтиёри Ҳизбуллоҳи Лубнон силоҳ қарор дода, бидуни он ки ин иддао таъйид шуда бошад.
Сухангӯи Вазорати дифоъи Омрико дар бахши дигаре аз изҳороти худ низ эътироф кард, ки ҷунбиши Ҳусӣ (Ансоруллоҳи Яман) тавоноии шиллики мушакҳоеро дорад, ки ба “Исроил” бирасанд.
Ба гуфтаи Райдер, Вазорати дифоъи Омрико ҳамчунон вазъияти Ховари Миёнаро аз наздик зери назар дорад ва ба ҳифозат аз нерӯҳо ва шаҳрвандони ин кишвар дар минтақа низ идома медиҳад.
Qudspress
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойгоҳи низомии Омрико дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Рафтори инсон дар баробари ҳокимон ва соҳибони қудрат

Матолиби пурбоздид