Пизишкиён: “Нақшаҳои Омрико бо кӯмаки миллат нобуд хоҳад шуд”

Пизишкиён: “Нақшаҳои Омрико бо кӯмаки миллат нобуд хоҳад шуд”

Ахбори байналмилал

Tasnimnews

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Тромп эълом карда, ки биёед гуфтугӯ кунем ва ҳамонҷо тамоми тавтиаҳои мумкинро барои ба зону даровардани Инқилоб имзо ва эълом мекунад. Пизишкиён хотирнишон кард, агар даст ба дасти ҳам диҳем, метавонем мушкилотро бо кӯмаки миллат ҳал кунем ва нақшаҳои Омрико нобуд хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, пеш аз зуҳри имрӯз (22 баҳман), дар маросими 46-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, тайи суханоне бо ишора ба оёти Қуръони Карим, баён кард: “Хитоб ба миллати Эрон мегӯям, ки дар чунин рӯзе инқилоби мо тавонист зулм ва золиминро аз Эрон ихроҷ кунад; рамзи муваффақияти мо ҳузури мардум ва ваҳдаташон буд.”

Вай афзуд: “Имоми роҳил дар ибтидои Инқилоб фармуданд, ки 22 баҳман явмуллоҳ аст, чун тамоми ақшори миллати Эрон бидуни ҳеч фарқе вориди майдон шуданд ва бо қудрат тавонистанд золимин ва дасти бегонагонро аз кишвари мо қатъ кунанд.”

Раиси ҷумҳури Эрон унвон кард: “Мо бар ин боварем, ки кишварамонро ба ормонҳои мадди назар бирасонем ва миллати мо барои ин муҳим қиём карда, то ҳақ ва адолатро барпо кунад. Аз оғози Инқилоб, душманон даъвои қавмиятҳо ва ҷиноҳҳоро ба роҳ андохтанд ва сипас даст ба кудато зада ва ҷангро баъд аз он бар мо таҳмил карданд, то Инқилобро мутаваққиф кунанд. Миллати мо бо тақдими 240 ҳазор шаҳид ба Инқилоб, муқовамат кард.”

Пизишкиён гуфт: “Душман имрӯза ба ихтилофот доман мезанад ва мехоҳад илқо кунад, ки Эрон заъиф шуда, то ба мо зарба бизананд, ғофил аз ин ки миллат таҳти заъомати раҳбари муаззами инқилоб ин талошҳоро барҳам мезанад ва мо меистем. Душман терурист аст ва ба мо тӯҳмати терурист будан мезанад.”

Вай баён кард: “Тромп эълом карда, ки биёед гуфтугӯ кунем ва ҳамонҷо тамоми тавтиаҳои мумкинро барои ба зону даровардани Инқилоб имзо ва эълом мекунад; сипас мегӯяд, аҳли гуфтугӯст. Ӯ иддаъо мекунад, Эрон минтақаро баҳам рехта, дар сурате, ки Исроил бо пуштибонии Омрико дар минтақа қатлу ғорат ва бомбборон мекунад.”

Раиси ҷумҳури Эрон изҳор дошт: “Раисиҷумҳури Омрико аз касе, ки Созмони Милал ва Додгоҳи Лоҳа (Гаага) алайҳи ӯ эъломи ҷурм карда, ҳимоят мекунад.”

Пизишкиён хотирнишон кард: “Омрико иддаъо мекунад, дунболи оромиш аст, вале ман мегӯям, чӣ касе оромиши минтақаро баҳам зад? Кадом инсони озодае мепазирад, ки шумо занонро бомбборон кунед? Чаро хонаводаҳоро қатли омм мекунед?”

Вай изҳор дошт: “Рамзи пирӯзии мо ваҳдат буд ва ин фармоиши Имом ва раҳбарӣ аст. Агар даст ба дасти ҳам диҳем, метавонем мушкилотро бо кӯмаки миллат ҳал кунем ва нақшаҳои Омрико нобуд хоҳад шуд. Омрико тасаввур мекунад, метавонад миллати Эронро дар қиболи тафриқаафканӣ, шикаст диҳад.”

Раисиҷумҳури Эрон унвон кард: “Омрико мегӯяд, мехоҳем музокира кунем. Вале ман мегӯям, агар аҳли музокира будӣ, чаро ин ғалатҳоро кардӣ? Омрико мехоҳад тамоми роҳҳоро бар мо бибандад, вале медонем, ки наметавонад ва дар ин 46 сол натавонистааст.”

Пизишкиён баён кард: “Мардум бидонанд, агар мушкилот ҳаст, мо мудирон қавл медиҳем, бо тамоми вуҷуд дар масири шуҳадо, даст дар дасти ҳам бидиҳем, то табъиз, беадолатӣ, фақр ва мушкилоти мавҷудро бо ҳамроҳӣ ва ҳамдилии ҳамагон ҳал кунем.”

Вай бо баёни ин ки мо муқобили бегонагон сар хам нахоҳем кард, изҳор дошт: “Мо дунболи ҷанг нестем ва душман дар аввалин рӯзи давлати 14-ум, Исмоил Ҳаниаро дар Теҳрон терур кард. Душман аз ваҳдати эрониён метарсад ва дунболи тафриқа ва даъвост. Ман ба шумо қавл медиҳам, бо ваҳдат метавонем тамоми мушкилотро аз байн бибарем.”

Раиси ҷумҳури Эрон идома дод: “Душман мекӯшад, то мо бо якдигар муттаҳид нашавем; душман мунтазир аст дар Эрон чанддастагӣ эҷод шавад ва савор бар ин мавҷ шавад.”

Пизишкиён гуфт: “Бо ҳимояти раҳбари муаззами инқилоб талош мекунем, бо ҳамсоягон таъомул дошта бошем. Аз ин трибун эълом мекунем, кишварҳои минтақа бародарони мо ҳастанд. Агар аз Ғазза ва Фаластин дифоъ мекунем, аз мазлум дифоъ мекунем.”

Вай идома дод: “Омрико ба дилхоҳи худ терур мекунад ва иддаъо мекунад, ки Эрон масъули ноамнӣ дар минтақа аст. Мо омили ноамнӣ ҳастем ё ӯ?”

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: “Душман намехоҳад, ки муттаҳид шавем ва мехоҳанд даргир бошем, то натавонем ба мушкилоти кишвар расидагӣ кунем. Онон мехоҳанд донишмандони моро бишносанд, то терурашон кунанд, мехоҳанд ононро аз байн баранд ва ё бихаранд.”

Пизишкиён баён кард: “Душман мехоҳад ба нухбагони мо илқо кунад, ки бо ҳузур дар Эрон, ба ҷойе намерасанд. Душман нақшаи терури нухбагонро дар дастур дорад ва нақшаи таҳрим ва илқои ноумедиро дар барнома дорад. Душман илқо мекунад, ки Эрон дар ҳоли аз байн рафтан аст, вале мо қавӣ ҳастем.”

Вай афзуд: “Мардум бидонанд, мо хидматгузорашон ҳастем ва сухани мақоми муаззами раҳбарӣ фаслулхитоб аст ва мо ба ин муҳим пойбанд ҳастем. Мо гӯли тавтиаи душманро намехӯрем ва бо иттиҳод пешрафт хоҳем кард.”

Раиси ҷумҳури Эрон изҳор дошт: “Ба мардум қавл медиҳам, барои хидмат ба миллат ва эҷоди ваҳдат талош кунем. Дигарон ҳам бидонанд, ки моро аз шаҳодат натарсонанд, шаҳодат дар муқобили зулм барои мо ширин аст. Бояд аз ихтилоф битарсем ва на аз макри душманон.”

Пизишкиён гуфт: “Ҳар ихтилоф ва гилояе, ки дошта ва дорем, бояд канор равад ва имрӯз бояд даст ба дасти ҳам диҳем ва таҳти фармони раҳбари инқилоб, муъзалотро бо ба майдон овардани нухбагон, ҳал кунем.”

Вай тасреҳ кард: “Мо имрӯз дар ҷанги тамомаёри иқтисодӣ ҳастем ва бояд муроқибат кунем, дар доме наравем, ки иддае бо эҳтикор, баҳам рехтани бозор ва ғайра зеҳнияти мардумро нисбат ба Инқилоб хадшадор кунанд. Бо таваккул ва ваҳдат, аз ин бӯҳрон хориҷ хоҳем шуд.”

Раиси ҷумҳури Эрон дар поён гуфт: “Мо бо кишварҳои ҳамсоя ва мусалмон паймони бародарӣ дорем; ҳеч касе бар дигаре бартарӣ надорад ва милоки бартарӣ тақвост. Бар асоси ҳақ ва адолат талош кунем, ҳуқуқи ҳамагонро одилона эъмол кунем. Биёем муқобили фасод, зулм ва ҷиноят истодагӣ кунем. Миллати мо истода ва агар қарор аст иттифоқе биафтад, мо то пойи ҷон дар хидмати мардум хоҳем монд.”

Tasnimnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таърихи истеъмори Русия
Ал-Ҳайя: Миллати Фаластин сарзамини худро тарк нахоҳад кард

Матолиби пурбоздид