Қиссаи фарзанду падар

Адаб
Қиссаи фарзанду падар
— Марде назди олиме аз падараш шикоят кард ва гуфт:
Падарам маро бисёр асабӣ мекунад.
Пир шудааст ва аз ман мехоҳад як рӯз дар замин гандум бикорам ва рӯзи дигар пунба ва худ низ чи хостанашро намедонад.
Маро бо ин рафторҳояш хаста кардааст.
Бигу ки бо ӯ чи кунам?
Олим гуфт: Бо ӯ бисоз.
Гуфт: Наметавонам.
Олим пурсид:
Оё фарзанди кӯчаке дар хона дорӣ?
Гуфт: Бале, дорам.
Гуфт: Агар рӯзе он фарзандат девори хонаатро хароб кунад, оё ӯро мезанӣ?
Гуфт: На, чун тақозои сину солаш чунин аст.
Пурсид: Оё ӯро насиҳат мекунӣ?
Гуфт: На, чун фаҳмаш қабул намекунад.
Гуфт: Медони барои чи бо фарзандат чунин рафтор мекунӣ?
Чун ту даврони кӯдакиро тай кардаӣ ва медони, ки кӯдакӣ чист, аммо чун ба сини пирӣ нарасидаӣ ва таҷрибааш накардаӣ, ҳаргиз наметавони тақозои як пирро дарк намоӣ.
Дар пирӣ одам зудранҷ, асабӣ ва гӯшанишин мешавад ва эҳсоси нотавонӣ мекунад.
Пас эй фарзанд, бирав бо падарат мадоро кун, ки тақозои пирӣ ҷуз ин нест.
Ту маро комрон карди падарҷон.
Қатори одамон карди падарҷон.
(Фейсбук, сафҳаи шахсии Диловар Мирзохонов)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарзамини Мовароуннаҳр – 1
Насиҳати падар ба писар

Матолиби пурбоздид