Пизишкиён: Ҳамаи аркони кишвар дар идораи ҷанг бо раҳбари инқилоб яксадо ҳастанд
Ахбори байналмилал
Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар шабакаи Х навишт:
“Чунонки раҳбари шаҳидамон таъкид доштанд, бар ин боварем, ки дар масоили аслии кишвар бояд “садои воҳид” шунида шавад.
Имрӯз низ дар масъалаи ҷанг ва идораи он, ҳамаи аркони тасмимгирӣ бо ҳидояти раҳбари олиқадр бо инсиҷом ва ҳамдилӣ яксадо ҳастанд.
Ин ваҳдат, пуштвонаи мудирияти муассир, убур аз бӯҳронҳо ва таъмини манофеи миллӣ аст”.
Қаламонлайн













