Пойгоҳи Омрико дар Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Пойгоҳи Омрико дар Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Пойгоҳи Омрико дар Сурия бо 7 рокет ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Аlmayadeen
Шабакаи Алмаёдин хабар дод, нерӯҳои муқовамат як пойгоҳи Омрико дар шимоли шарқи Сурияро баъд аз фуруди як ҳавопаймои борӣ дар он, ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Манобеъи огоҳ, баъд аз зуҳри имрӯз (якшанбе, 3 декабр), хабар доданд, пойгоҳи Омрико дар фурудгоҳи Хароб ал-Ҷир дар шимоли шарқи Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз манобеъи худ гузориш дод, садои чанд инфиҷор дар пойгоҳи эътилофи омрикоӣ дар фурудгоҳи Хароб ал-Ҷир дар шимоли устони Алҳасака (шимоли шарқи Сурия) ба гӯш расидааст.
Тибқи ин гузориш, гурӯҳҳои муқовамат бо 7 рокет ин пойгоҳро ҳадафи ҳамла қарор доданд ва то лаҳзаи интишор ин гузориш, мизони хисороти ворида мушаххас нест.
Алмаёдин изофа кард, ин ҳамла чанд соат баъд аз фуруди ҳавопаймоҳои борӣ дар ин пойгоҳ анҷом шуда ва ин ҳавопаймоҳо бо худ таҷҳизот ва таслиҳот ба ҳамроҳ доштаанд.
Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки то лаҳзаи интишори ин гузориш, ҳеч як аз гурӯҳҳои муқовамат баёнияе дар ин хусус содир накардаанд.
Бо ин ҳол, муқовамати исломии Ироқ тайи рӯзҳои гузашта борҳо пойгоҳҳои Омрикоро дар шарқи Сурия ва манотиқи мухталифе аз Ироқ ҳадафи ҳамла қарор додааст.
Муқовамати Ироқ пештар таъкид карда буд, ки ин ҳамалот дар ҳимоят аз мардуми Ғазза анҷом мешавад ва то замони тадовуми ҳамалот алайҳи фаластиниён, идома хоҳад дошт.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба ахлоқи Паёмбари Акрам(с)
Расонаи исроилӣ: “7-октябр сабаби афзоиши таваҷҷӯҳи омрикоииҳо ба ислом шудааст”

Матолиби пурбоздид