Порлумони Олмон мунҳал шуд

Порлумони Олмон ба дастури раиси ҷумҳури ин кишвар мунҳал шуд

Ахбори байналмилал

Associated Press

Раиси ҷмҳури Олмон имрӯз (ҷумъа) ба далели нотавонии давлат, ба инҳилоли порлумони ин кишвар ба манзури баргузории интихоботи зудҳангом дар 23-феврал дастур дод.

Хабаргузории Associated Press бо интишори ин хабар афзуд: “Франк-Валтер Штайнмайер, ба дунболи фурӯпошии давлати эътилофии Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, дастури инҳилоли порлумон ва баргузории интихоботи ҷадид дар 23-февралро содир кард.

Бино бар ин гузориш, Шолтс пас аз канорагирии вазири дороӣ аз Ҳизби демукроти озод, бо фурӯпошии эътилофи сегона дар таърихи 6-ноябр мувоҷеҳ ва аз таърихи 16-декабр бо фуқдони эътимоди Маҷлис рӯ ба рӯ шуд ва аз он таърих то кунун, давлати дар ақаллиятро раҳбарӣ кардааст.

Пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва бино бар Қонуни асосии Олмон, порлумони ин кишвар муҷоз нест, то худро мунҳал кунад ва тасмимгирӣ дар ин замина бар ӯҳдаи шахси раиси ҷумҳури Олмон аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тарсу ваҳшат дар Телавив ба хотири мушакҳои яманӣ
Яман фурудгоҳи “Бен-Гурён” дар Телавивро бо мушаки мофавқи савт ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид