Посухи Толибон ба ДОИШ: Чаро ба Эрон таслият гуфтем? Чаро шиаро такфир намекунем?

Посухи Толибон ба ДОИШ: Чаро ба Эрон таслият гуфтем? Чаро шиаро такфир намекунем?

Ахбори байналмилал

Маркази мутолеоти Афғонистон ба як силсила суолҳое, ки ДОИШ матраҳ кардааст, посух навишт.

Ба гузориши коноли ин марказ, ниҳоди мазкур навиштааст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Алҳамду лиллоҳ, аммо баъд:

Ҷадидан мақолае тавассути қотилони аҳли шаҳодатайн яъне ДАВОИШ, алайҳи мақомоти Аморати Исломӣ дар хусуси таъзия ва таслияти онҳо барои фавти раисиҷумҳури Эрон нашр шудааст.

Дар он мақолаи ғайриилмӣ, шубуҳотеро баён карданд, ки мухтасаран дар ин мавзӯъ ба ДАВОИШ посух хоҳем дод:

Аввал: ДАВОИШ гуфтанд, ки раисиҷумҳури шиъаи Эрон мушрик будааст ва таъзия ва таслият ба мушрик дар ислом ҷоиз нест.

Дар посух ба ин сӯҳбати Хавориҷ мегӯем: мабнои ширк ва тавҳиди хавориҷии шумо, бо аҳли суннат ва ҷамоат низ таъоруз дорад ва тибқи қоъидаи такфирии шумо, имомони аҳли суннат ва ҷамоат низ такфир мешаванд.

Магар ҷамоати хавориҷии шумо набуд, ки имомон Нававӣ ва Ибни Қудома раҳимаҳумаллоҳро ба хотири одоби зиёрати Расулуллоҳ Саллаллоҳи алайҳи ва салллам такфир карданд?

Магар ҷамоати шумо набуд, ки уламои бузурги муосири пайрави мазҳаби Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳро такфир карданд?

Магар бархе аз аносири барҷастаи ҷамоати шумо набуд, ки Имом Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳро аҳли мурҷиъа хонданд ва ӯро такфир ва тафсиқ карданд? Оё бо онҳо бархӯрд кардед ё аз онҳо ҳимоят кардед?

Чӣ ҷамоате, ки бо ҳамин баҳона мадорис ва масоҷиди аҳли суннат ва ҷамоатро дар Афғонистон ва Покистон ва дигар манотиқи аҳли суннат мунфаҷир кардааст?

Тибқи меъёри ширку тавҳид ва куфру имони шумо, ҷумҳури уламо ва бузургони аҳли суннат ва ҷамоат такфир мешаванд ва ин масъала қатъӣ аст.

Пас бинобар ин мушрик номидани аҳли шаҳодатайн аз тарафи шумо, мавзӯъи ҷадиде барои мо нест ва солҳост бо ин меъёри зидди исломӣ аҳли шаҳодатайн хусусан аҳли суннат ва ҷамоатро такфир кардед.

Дуввум: Масоиле монанди такфири саҳоба разияллоҳу анҳум, таҳрифи Қуръон, тӯҳмати фаҳшо ба Уммулмӯъминин Оиша разияллоҳу анҳо барои такфири шиъа радиф кардед ва баъд ҳам гуфтед, ки ба хотири ин масоил, набояд ба раисиҷумҳури шиъаи Эрон адои таъзия ва таслият кард.

Дар ҷавоб мегӯем:

Аввалан: масоиле, ки баён шуд, масоили мисдоқӣ ва муайян аст, масалан мегӯем: фалон шахс сабб (дашном) мекунад, фалон шахс такфир мекунад, фалон шахс тӯҳмати зино мезанад, фалон шахс қоил ба таҳрифи Қуръон аст, инҳо нозир ба шахси муайян ва мисдоқи нафар аст; ҳоло як маврид суроғ доред шахсе, ки мақомоти Аморати Исломӣ барояш таъзия гирифтанд, қоил ба таҳриф бошад ва ё ба муқаддасоти аҳли суннат беэҳтиромӣ кунад?

Дуввум ин ки мушкили асосӣ дар Хавориҷи ДАВОИШ аст, зеро то ба имрӯз дар канори шиъа зиндагӣ накарданд, ин дар ҳоле аст, ки дар Афғонистон аксари манотиқи шиъа ва суннӣ канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва мо аз ақоиди онҳо ошно ҳастем, бинобар ин мавориде, ки гуфтед, ба як иддаи бисёр кам ва ақаллият бармегардад ва ба кулли шиъа иртиботе надорад ва ақоиди муайяни афроди хоссро шумо ба як мазҳаб таъмим мебахшед ва ин, хилофи усули аҳли суннат ва ҷамоат аст ва ба иборате, дунболи баҳона барои такфири аҳли шаҳодатайн ҳастед, дар ҳоле ки мазҳаби аҳли суннат ва сираи ислом ин аст, ки ҳусни занн ба аҳли шаҳодатайн дошта бошад, на суи занн.

Дар поён бояд таъкид шавад, касоне, ки алайҳи аҳли суннат ва ҷамоат хиёнат карданд, ДАВОИШи Хавориҷ ҳастанд; ҳаминҳое, ки муқовамати исломии Фаластинро такфир карданд ва бар касоне, ки аслиҳа ба фаластиниҳо мерасонданд, ҳукми иртидод содир карданд. (Руҷӯъ шавад ба исдори Иброҳими ДАВОИШ.) Ин душманони аҳли суннат касоне ҳастанд, ки ҳазорон муҷоҳиди Аморати Исломиро ба шаҳодат расонданд ва дар масири Омрико ва НАТО бо Аморати Исломӣ ҷангиданд.

Ҳамон касоне, ки баъд аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тамоми тамаркузи худро барои ҷанг бо аҳли шаҳодатайн гузоштанд ва ҳеч зараре барои куффори аслӣ ва саҳюнист надоштанд.

Аммо аз ҳақ набояд гузашт, ки Эрон ба хотири дифоъ аз аҳли суннати Фаластин, ҳам кушта додааст ва ҳам таҳрим шудааст ва ҳам таҳти фишор қарор гирифтааст, аммо аз ҳимояти онҳо даст барандоштааст ба тавре, ки сарони қаҳрамони Ҳамос низ аз Эрон ба хотири ин кӯмакҳо тақдир кардаанд.

Аммо имрӯз Аллоҳро шокирем, ки қитъае аз замин ба дасти шумо наафтод, ки агар меафтод, шумо дар ҳимоят аз саҳюнист роҳи имдод ба муҷоҳидини Фаластинро мебастед.

Ба ростӣ шумо чӣ суде барои мусалмонон ва чӣ зараре барои куффори аслӣ доштед?

Валъоқибату лилмуттақин

Asriran

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати як сипоҳии Эрон тавассути саҳюнистҳо дар Сурия
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Исроил дар ҳоли нобудист

Матолиби пурбоздид