Раиси собиқи Моссад: “Исроил ба поёни худ наздик шудааст”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши сайти Middle East Monitor, Тамир Пардо, раиси собиқи “Моссад”, дирӯз (якшанбе, 6 августи 2023), бо изҳори назар дар бораи тарҳи ислоҳоти қазоӣ ба раҳбарии Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил, гуфт: “Исроил ба поёни худ наздик шудааст.”
Пардо мӯътақид аст, ки Исроил “механизми худвайронкуниро фаъол карда ва ба поёни худ наздик шудааст.”
Вай гуфт, натиҷагириаш дар бораи худтахрибии Исроил, ба қабл аз ташкили эътилофи кунунӣ ба раҳбарии Натонёҳу, яъне қабл аз тадвини тарҳи ислоҳоти қазоӣ бармегардад.
Гуфтанист, бо афзоиши чолишҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Исроил ба далели тарҳи тағйироти қазоӣ, ҳушдорҳо аз сутуҳи мухталифи сиёсӣ, низомӣ ва расонаӣ дар ин режим бо мазмуни ин ки режими саҳюнистӣ ба самти ҷанги дохилӣ пеш меравад ва нафасҳои охирашро мекашад, ташдид шудааст.
Ин мавзӯъро Иҳуд Барак, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ дар мақолае дар рӯзномаи Едиот Аҳоронот ба сароҳат баён кард ва гуфт: “Дар тӯли таърихи яҳуд, яҳудиён беш аз 80 сол давлат надоштанд.”
Қабл аз нигаронии Иҳуд Барак, Натонёҳу дар соли 2017 гуфт: “Ман барои расидани Исроил ба 100-умин солгарди худ талош хоҳам кард, зеро мавзӯъи мавҷудияти мо мафҳуме зимнӣ ва бадеҳӣ нест. Таърих ба мо омӯхта ҳеч давлате барои қавми яҳуд беш аз 80 сол умр накардааст.”
Ари Шавит, таҳлилгари машҳури режими саҳюнистӣ низ гуфта буд: “Мо аз нуқтаи бебозгашт убур кардаем ва Исроил нафасҳои охири худро мекашад ва таъми зиндагӣ дар он нест ва исроилиҳо аз замоне, ки ба Фаластин омадаанд, мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки онҳо қурбонии дурӯғе ҳастанд, ки тавассути ҷунбиши саҳюнистӣ сохта шудааст.”
Дар ҳамин замина, назарсанҷие анҷом шуда тавассути Канали 13, ки нишон дод, 56 дарсад аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ нигарон ҳастанд, ки танишҳо ба як ҷанги дохилӣ табдил шавад.
Назарсанҷии дигаре, ки тавассути Канали 12-и режими саҳюнистӣ анҷом шуд, нишон дод, ки бо исрори давлати Натонёҳу бар тасвиби ислоҳоти қазоӣ, ҳудуди як севвуми исроилиҳо дар ҳоли баррасии хуруҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд.
Рӯзномаи ибризабони “Маъорив” низ охирҳои моҳи гузашта назарсанҷиеро мунташир кард, ки нишон медиҳад, 58 дарсади шаҳракнишинон аз ҷанги дохилии воқеӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бим доранд.
Қаламонлайн