Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон: “Иттифоқоти Сурия, тарҳи омрикоӣ-исроилӣ буд”
Ахбори байналмилал
Камол Харрозӣ гуфт, иттифоқоти Сурия, ки мунҷар ба суқути давлати Башшор Асад шуд, тарҳи омрикоӣ-исроилӣ аст ва ҳанӯз эҳтимоли таҷзияи Сурия болост.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Камол Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷ.И.Эрон ва вазири хориҷаи пешини Ҷ.И.Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алмаёдини Лубнон, таъкид кард, ки иттифоқоти Сурия тарҳи омрикоӣ-исроилӣ буда ва Омрико ҳамеша мухолифи низоми Башшор Асад ва хостори барандозии он будааст.
Вай дар ин мусоҳиба дар посух ба суоле дар бораи иллатҳои суқути низоми Башшор Асад дар Сурия гуфт: “Табъан он чи рух дод, пружаи омрикоӣ–исроилӣ буд. Гувоҳи ин муддаъо ҳам ин аст, ки масъулони омрикоӣ фавран роҳии Димишқ шуданд ва бо сарони мухолифон дидор карданд. Онҳо ҳатто ҷоизаеро, ки барои боздошти Ҷулонӣ таъйин карда буданд, лағв карданд.”
Вай афзуд: “Ин далелест бар ин ки он чи рух дод, як пружаи омрикоӣ буд ва албатта, ки гурӯҳҳо ва кишварҳои мутаъаддиде дар ин иттифоқот нақш ифо карданд аз ҷумла Туркия ва дар ояндаи Сурия ҳам нақш ифо хоҳанд кард… Туркия ихтилофоти ҷуғрофиёӣ-таърихӣ бо Сурия дошт ва ҳамин ангезае барои Туркия шуд, то ҳимояти луҷестик ва омӯзишӣ барои нерӯҳои муъориз фароҳам кунад, то битавонанд вориди Сурия шаванд…”
Дар бораи чароии вуруди Исроил ба умқи хоки Сурия, Камол Харрозӣ гуфт, Димишқ нақше ҳаётӣ ва муҳимме дар Меҳвари Муқовамат ифо мекард ва он чи рух дод, дар чорчӯби роҳбурде буд, ки қаблан эълом шуда буд. Як бор Натонёҳу дар соли 1996 онро эълом кард ва бори дигар ин роҳбурд дар соли 2002 дар дохили Кунграи Омрико матраҳ шуд мабнӣ бар ин ки танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, сарнагун кардани давлатҳои ҳомии Фаластин аст ва он чи рух дод, дар ҳақиқат иҷрои ин роҳбурд буд… Омрико ҳам аз ин роҳбурд ҳимоят мекард то ҷойе, ки Борок Убомо аввалин касе буд, ки хостори рафтани Башшор Асад шуд. Ва ин ба равшанӣ нишондиҳандаи сиёсати Омрикост, ки ҳамеша мухолифи низоми Башшор Асад буд. Аммо ба ҳар ҳол муқовамат идома хоҳад ёфт, чун решаҳои муқовамат дар дилу ҷони фаластиниҳост ва шӯълаи муқовамат бо рафтани як раисиҷумҳур ё як низом, хомӯш нахоҳад шуд…”
Харрозӣ дар посухи суоле дигар дар хусуси таҳдид ба барандозӣ дар Эрон низ гуфт: “Тарҳи барандозии низом дар Эрон, мавзӯъи ҷадиде нест, балки як пружаи омрикоӣ-исроилӣ аст, ки аз ибтидо ва аз замони пирӯзии инқилоби мубораки исломӣ дар Эрон матраҳ буда ва мо шеваҳои хасмона ва мутаъаддиди омрикоиро, ки ҳадафаш тағйири низом буда таҷриба кардаем. Онҳо талош карданд низомро соқит кунанд. Сипас душмани мо Саддомро барои сарнагунии низоми Эрон ҳимоят карданд, сипас Эронро таҳти таҳрим қарор доданд ва ҳамаи роҳҳои хасмонаро озмуданд ва табъан таҳримҳои ҳаддиаксарии онҳо шикасти муфтазеҳонае хӯрд, аз ин рӯ ин иддаъоҳо дар муқобили тавтиаҳое, ки кардаанд, чизи ҷадиде нест. Мо бояд қавӣ бошем. Он чи муқобили дасисаҳои онҳо боздорандагӣ эҷод мекунад, иқтидор аст… Мо тавонмандиҳои зиёде дорем ва душманон низ имконот ва зарфият ва тавони амалии моро медонанд.”
Дар бахши ҳастаӣ ва рӯйи кор омадани давлати Тромп, Харрозӣ гуфт: “Сиёсати Тромп то алъон равшан нест ва дар айни ҳол мо омодаи музокира ҳастем, ҳамчунон ки омодаи муқовамат муқобили фишорҳоем. Албатта ин бастагӣ дорад ба навъи сиёсате, ки иттихоз мекунанд. Қаблан сиёсати фишори ҳаддиаксариро озмуданд ва шикасти муфтазеҳонае хӯрданд.”
Қаламонлайн