Раиси ҷумҳури Лубнон: Ҳамалоти Исроил, як ҷинояти комил аст!
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Лубнон ба таҷовузоти ҳавоии рӯзи панҷшанбеи режими Исроил ба ҷануби Лубнон вокуниш нишон дод ва гуфт:
“Ин ҳамалот тибқи қавонини байналмилалӣ як ҷинояти комил ва як ҷинояти сиёсии фаҷеъ ба шумор меравад.”
Ба гузориши Исно, Ҷузеф Авн, раиси ҷумҳури Лубнон, дар вокуниш ба силсилаҳамалоти рӯзи панҷшанбеи режими Исроил ба ҷануби Лубнон гуфт:
“Он чи Исроил имрӯз дар ҷануби Лубнон анҷом дод, тибқи қавонини байниалмилалӣ як ҷинояти комил ва як ҷинояти сиёсии фаҷеъ аст.”
Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил шомгоҳи панҷшанбе манотиқи ҷанубии Лубнонро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд, ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани чанд нафар аз лубнониҳо мунҷар шудааст.
qalamonline.net
Қаламонлайн













