Рамазони тоҷикӣ

Рамазони тоҷикӣ

Ҷовид Муқим

Моҳи шарифи Рамазон ба охир мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари мардуми кишвари мо ин моҳи шарифро ба таври худ, яъне тоҷикӣ мегузаронанд. Ин ҷо сухан аз рафтору кирдор дар ин моҳ меравад, ки барои мусалмонон шикастани нафсу паҳезкориро тақозо мекунад. Вале дар асл мебинем, ки барои баъзе савдогарон он моҳи фиребу қаллобӣ гардидааст. Дар кишварҳои мусалмонӣ дар ин моҳ тоҷирон нархи маҳсулоти ғизоиашонро нисбат ба пештара арзон мекунанд, то ки ҳама ба хӯрокворӣ дастрасӣ дошта бошанд ва бо ин савоб гиранд. Вале дар Тоҷикистон соҳибкорон кӯшиш мекунанд, ки аз талаботи мардум истифода карда, нархро боло мебаранд ва фоидаи иловагӣ мегиранд.

Масалан, як ҳафта пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон қассобон нархи гӯштро аз 3 то 5 сомонӣ зиёд карданд. Вақте аз дӯкондори маҳаллаи 102 гӯшти гов мехаридам, нархи гӯштро дар тарозуи электрониаш 77 сомонӣ навишта буд. Инро дида, гуфтамаш: – Гӯшт 75 сомонӣ буд, кай 77 сомонӣ шуд?

– Аз ҳамин рӯз.

Воқеан, баъди оғози моҳи шарифи Рамазон дар ин дӯкон як кило гӯшти гов 78 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар бозори “Саховат” бошад, ҳоло 1 кило гӯшти гов 75 сомонӣ аст, вале як дӯстам гуфт, ки қассоб ба гӯшти устухондор боз пораи калони чарбу ҳамроҳ мекунад. Дар ин ҳол килои гӯшти устухондор қариб ба 80 сомонӣ мерасад. Дар яке аз бозорҳои дигари пойтахт бошад, як кило гӯштро 60 сомонӣ нарх гузоштаанд. Вале ними он чарбу аст, ки қиматаш дар асл 30-35 сомонӣ мебошад. Яъне, дар асл нархи гӯшт арзон нашудааст.

Мутаассифона, чунин афзоиши нарх дар моҳи шарифи Рамазон барои ҳамаи маҳсулот ба назар мерасад.

Дар пеш иди Фитр аст ва чун солҳои қаблӣ савдогарони бозор нархи маҳсулотро боз боло мебаранд. Ҳоло пешгӯӣ намекунам, ки нархи мева ва дигар мавод чанд фоиз боло меравад. Худо инсофашон бидиҳад.

Шикасти нафс ва парҳезкорӣ аз одатҳои баду ахлоқи ношоиста асоси рафтори шахс дар моҳи шарифи Рамазон мебошад. Вале талаботи мазкурро на ҳар кас риоя мекунад. Аввал, дар бораи ғизохӯрии рӯзадорон мушоҳидаамро гуфтаниам. Шояд шумо ҳам ифтори рӯзадоронро дидаед. Баъзеҳо базӯр то вақти рӯзакушоӣ тоқат мекунанд ва ончунон бисёр хӯрок мехӯранд, ки онро пеш аз рамазон намехӯрданд. Баъд бо ишками пур хоб мекунанд ва ин ғизо ҳал нашуда, дар саҳархӯрӣ боз хӯрокҳои серғизо мехӯранд. Яъне бандаҳои шикам нафси худро дошта наметавонанд.

Шумо ҳам шояд мушоҳида кардаед, ки рӯзҳои истироҳат аз субҳ кӯчаҳои шаҳр камодаманд. То ин вақт онҳо дар хобанд ва танҳо баъди соати 11 баъзеҳо аз хонаҳояшон берун мешаванд. Дар рӯзҳои муқаррарӣ бошад, субҳ дари аксари мағозаҳо баста аст ва фурӯшандаҳо танҳо баъди аз хоб сер шудан ба кор меоянд. Яъне, онҳо баъди саҳархӯрӣ ва адои намози бомдод қусури хоби нарафтаашонро мегиранд.

Шумо мушоҳида кардаед, ки рафтори рӯзадорон дар ин моҳ ба ҷониби мусбат тағйир ёфтааст? Аз мушоҳидаҳои ман, теъдоди хеле ками рӯзадорон аз одатҳои бадашон парҳез мекунанд. Вале дашному суханҳои дағал зиёд ба гӯш мерасанд. Яъне рӯзадории мо тоҷикӣ аст.

Ҷовид Муқим

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин занги телефонии мобилӣ
Вокуниши раҳбари Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии ин кишвар: “Режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард!”

Матолиби пурбоздид