Associated Press: “Набард бо артиши Яман, шадидтарин чолиши Омрико баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум аст”
Ахбори байналмилал
Хабаргузории омрикоии Associated Press дар гузорише бо ишора ба ин ки ҳамалоти тақрибан рӯзонаи артиши Яман аз ноябри гузашта то кунун беш аз 50 киштиро дар долони ҳаётии баҳри Сурх ҳадаф қарор додааст, таъкид кард: “Набард бо артиши Яман, шадидтарин чолиши нерӯи дарёии Омрико баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум аст.”
Дар гузориши Associated Press омадааст: “Нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида барои чандин даҳа омода буд, то бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва сипас Русия ва Чин дар оброҳҳои ҷаҳон биҷангад, аммо ба ҷойи як қудрати ҷаҳонӣ, нерӯи дарёии худро даргири набард бо як артиши кишвари кучаки Яман мебинад.”
Бар асоси гузориши Associated Press, сарон ва коршиносони нерӯи дарёии Омрико мегӯянд, ки амалиёти таҳти раҳбарии Омрико алайҳи артиши миллии Яман, ки дар сояи ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст, ба шадидтарин муборизаи дарёӣ табдил шуда, ки нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум бо он мувоҷеҳ будааст.
Ин гузориш меафзояд: “Ин набард, нерӯи дарёии Омрикоро дар мубориза бо гурӯҳе қарор додааст, ки зарродхонаи таслеҳотиаш аз силоҳҳои сабук ва захоири тамомнашуданӣ аз паҳпод, мушак ва силоҳҳои дигар иборат аст.”
Ба навиштаи Associated Press, артиши Яман аз ноябри 2023 эълом кард, дар ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ба киштиҳои муртабит бо (режими) Исроил иҷозаи убур аз баҳри Сурхро нахоҳад дод ва аз моҳи ноябр ба ин сӯ беш аз 50 киштиро ҳадаф қарор дода ва мӯҷиби коҳиши рафту омади дарёӣ дар ин долони ҳаётӣ дар баҳри Сурх шуда ва ин дар ҳоле аст, ки тамоми нишонаҳо ҳикоят аз он дорад, ки бо идома ва ташдиди ҷанг дар Ғазза, малавонҳои омрикоӣ, муттаҳидони онҳо ва киштиҳояшон дар маърази хатари бештаре қарор хоҳанд гирифт.
Бар асоси ин гузориш, Эрик Блумберг, яке аз фармондеҳони киштии USS Labon, ҳангоми боздиди хабарнигори Associated Press аз ин киштии ҷангӣ дар баҳри Сурх, гуфт: “Фикр намекунам мардум воқеан мутаваҷҷеҳ бошанд, коре, ки мо анҷом медиҳем, то чӣ андоза хатароти маргбор ба дунбол дорад ва киштиҳо бо чӣ хатарҳое мувоҷеҳ ҳастанд.”
Фақат чанд сония фурсат доред
Дар гузориши Associated Press омадааст, ки шиддати даргириҳоро метавон аз рӯйи киштии Arlie Bourke-Class мутаваҷҷеҳ шуд, ки ба далели шиллики паёпайи мушакҳо, ранги атрофи он сӯхта ва аз байн рафтааст.
Бар асоси ин гузориш, малавонони ин новшикан танҳо чанд сония вақт доранд, то шиллики мушак тавассути артиши Яманро эълом кунанд, бо киштиҳои дигар тамос бигиранд ва ба самти мушакҳое, ки бо суръат савт ё ҳатто фаротар аз он дар ҳоли наздик шудан ҳастанд, оташ бикушоянд.
Дэвид Роу, ки масъулияти назорат бар мушакҳои ҳидоятшавандаро дар новшикани Arlie Bourke-Class бар ӯҳда дорад, ба хабарнигори Associated Press, гуфт: “Инҷо ҳар рӯз ва ҳар соат вазъият ба ҳамин шакл аст. Баъзе аз киштиҳои мо ҳафт моҳ аст, ки инҷо ҳастанд ва ба таври мустамар машғули анҷоми ҳамин кор ҳастанд.”
Ба навиштаи Associated Press, Брайан Кларк, аз фармондеҳони собиқи зердарёии нерӯи дарёии Омрико ва аз коршиносони Андешкадаи “Ҳудзон”, бо баёни ин ки бидуни шак ин тӯлонитарин муборизае аст, ки нерӯи дарёии Омрико аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум бо он даргир будааст, таъкид кард: “Мо дар остонаи вазъияте қарор дорем, ки тайи он, Ҳусиҳо қодир ба барномарезӣ ва анҷоми ҳамалоте шаванд, ки нерӯи дарёии Омрико ҳар бор тавоноии мутаваққиф кардани он ҳамалотро надошта бошад ва агар иҷозаи идомаи ин вазъиятро бидиҳем, яманиҳо рӯз ба рӯз тавонотар, бомаҳораттар ва ботаҷрибатар хоҳанд шуд.”
Дар гузориши Associated Press омадааст, ки эътилофи таҳти раҳбарии Омрико ҳамалоти ҳавоии мутааддидеро барои ҳадаф қарор додани мавозеъи яманиҳо анҷом додааст.
Марвин Скотт, аз фармондеҳони омрикоӣ дар нови “Эйзенҳоуэр” низ дар ҳамин робита ба хабарнигори Associated Press гуфт: “Хадамаи ҳавоии ин новшикан иқдом ба партоби беш аз 350 гулӯла тӯп ва шиллики 50 мушак ба самти мавозеъи яманиҳо дар хушкӣ кардаанд.”
Вай дар идомаи изҳороти худ, бо эътироф ба ин ки яманиҳо ҳам ба таври мукаррар паҳподҳои MQ-9 Reaper-и омрикоиро бо шиллики мушакҳои “сатҳ ба ҳаво” ҳадаф қарор дода ва соқит кардаанд, таъкид кард: “Онҳо тавонмандиҳое дар заминаи мушакҳои “замин ба ҳаво” доранд, ки бо вуҷуди ин ки мо онҳоро тазъиф кардаем, аммо ин тавонмандиҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд ва артиши Яман аз онҳо истифода мекунад.”
Дар гузориши Associated Press бо ишора ба ин ки фармондеҳони нерӯҳои дарёии Омрикои мустақар дар баҳри Сурх, буруз ва афзоиши норизоятиҳо дар миёни коркунони худро тасдиқ карда ва мӯътақиданд, ки намедонанд чаро Кохи сафед иҷозаи анҷоми ҳамалоти бештари ҳавоӣ ба Яманро содир намекунад, омадааст: “Чанд далели эҳтимолӣ барои адами судури дастури ҳамалоти бештари ҳавоӣ ба Яман аз сӯйи Кохи сафед вуҷуд дорад, ки муҳимтарини онҳо парҳези давлати Омрико аз ташдиди таниш дар минтақа ва бавежа ҳарос Ҷо Байден, раисиҷумҳури Омрико аз афзоиши таниш бо Эрон дар остонаи баргузории интихобот 2024 риёсати ҷумҳурӣ дар Иёлоти Муттаҳида аст.
Гуфтанист, нерӯҳои артиши Яман дар ҳимоят аз муқовамат ва миллати Фаластин дар борикаи Ғазза мутаъаҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: