Расонаҳои исроилӣ: Тел-Авив диплумотҳои Туркияро ихроҷ кард

Расонаҳои исроилӣ: Тел-Авив диплумотҳои Туркияро ихроҷ кард
Ахбори байналмилал
Ба дунболи суханони имрӯзи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия алайҳи режими саҳюнистӣ, расонаҳои исроилӣ муддаии ихроҷи диплумотҳои Туркия аз “Исроил” ва хуруҷи диплумотҳои саҳюнистӣ аз Туркия шуданд.
Ба гузориши Jerusalem Pos, режими “Исроил” дар пайи изҳороти имрӯзи Эрдуғон, тамоми диплумотҳои Туркияро ихроҷ кард.
Раиси ҷумҳури Туркия имрӯз дар суханоне бори дигар гуфт, ки Ҳамос гурӯҳи теруристӣ нест ва таъкид кард, ки ин режими Исроил аст, ки аз теруристҳо дар Сурия ва Ироқ ҳимоят мекунад.
Раиси ҷумҳури Туркия таъкид кард: «Исроил бидуни ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ҳатто се рӯз ҳам давом намеоварад; масъулони ғарбӣ дар баробари фарёдҳои куштор дар Ғазза ва дархостҳои дабири кулли Созмони Милал кару лол шудаанд».
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кубо: “Амрико шарики таърихии «барбарияти саҳюнистӣ» аст”
Сухангӯи низомии Ҳамос: “Даврони шикасти саҳюнистҳо оғоз шудааст”

Матолиби пурбоздид